ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Шанбе, 04/02/2023-08:32

Ҳайати омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №21-и ноҳия бо мақсади шарҳу татбиқи Паёми навбати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои  судманд доир намуданд. 

-Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол  гардид, он фарогирии  тамоми  ҷабҳаҳои мубрами рӯз ва ҷаҳонишавии  вазъи сиёсию  иқтисодӣ  дар  манотиқи  дигари  ҷаҳон  аз  нигоҳи дурбинона ба самтхои асосии сиёсати иктисодию иҷтимоии давлат баён  шуд.  Паёми Сарвари давлатамонро метавон ҳар як фард  чун роҳнамо  истифода бурда, барои пойдории давлат ва зиндагии тинҷу осудаи халқу  миллати тоҷик басо арзандаю созанда мебошад.

Омӯзгорони муассиса дастуру супоришҳои  Роҳбари давлатро сармашқи кори худ  карда, баҳри  баланд бардоштани сатҳу сифати таълим  чораҳои  зарурӣ  андешида,  пайваста  кӯшиш  месозем,  ки  шогирдонро  дар  руҳияи  Ватандӯстӣ,  худогоҳӣ,  хештаншиносӣ  ва  пос  доштани  арзишҳои  миллӣ  тарбия намоем.  Ҷаноби Олӣ маорифро  яке  аз  соҳаҳои  афзалиятноку  калиди  ҳисобида  ҳамасола  дар  паёмҳои  навбатиаш  зина  ба  зина  маоши  маорифчиёнро  баланд  бардошта  истодааст.  Аз  тамоми имкониятҳои  молиявиро  истифода  бурда,  аз  1 июли соли 2023  музди  меҳнати  кормандони  буҷетӣ  зиёд  карда  мешавад. Аз  ҷумла  музди  меҳнати  кормандони  мақомоти идоракунии  давлатӣ,  муассисаҳои  маориф, илм,  фарҳанг,  варзишу  тандурустӣ,  соҳаҳои  ҳифзу  иҷтимоӣ  ва  дигар  соҳаҳои  буҷетӣ  баланд  бардошта  шуд.  Ин  чунин  дар  Паём масъалаи  беҳтар  намудани  шароити  иҷтимоии  нафақагирон,  оилаҳои  камбизоат,  ятимону  маъюбон,  ятимони  кулл  низ  сахт  нигаронӣ  намуда,  даъват  ба  амал  овард,  ки ҳар  як  фарди  ба  нангу  ор,  саховатманд  метавонад,  ба  ин  гуна  ашхос  кумак намояд.  Сари  ятимонро  сила  созад.  Зеро  онҳо низ  худро  танҳо  ҳис  накунанд. Баҳри донишомӯзӣ, омӯхтани забон,  ҳунар  аз  худ  кардан,  меҳру  муҳабат  нисбат  ба  Ватан  доштанро  дар  қалби насли  наврас  ҷо  намудан  вазифаи  мо-омӯзгорон мебошад. Зеро насли наврас умеду  ормонҳои насли калонсоланд.

 Аз наврасӣ хислатҳои  хуби  инсонӣ,  босабру  таҳаммул, шукургузор  аз  кишвари  биҳиштосо,  пос доштани забон, муқаддасоти миллӣ, арзгузоштан ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одатҳои гузаштагонамон ниёгонамонро  ба  онҳо  омӯзонем.  Барои ҳифзу  марзу буми хеш омода бошанд. 

Мо  шукргузор  аз  он  ҳастем,  ки  дар  зери  Парчами  сулҳу  суботи  Ватани  азизамон  умр  ба  сар  бурда  истодаем. 

Шукрона аз  кишвари  тинҷу  осуда, мекунем  ва  даъват  ба амал меорам, ки ба  қадри    ҳар як  порчаи  замини Ватани  аҷдодиамон расида,  барои  таълиму  тарбияи  насли  наврас  ҷидду  ҷаҳд  намоем  ва  дар  оянда  мутахассисони хубро  тарбия  ба камол расонем.

Ҷамшед  Абдуллоев,  омӯзгори  МТМУ  № 21-и  ноҳияи  Вахш 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *