Шанбе, 04/02/2023-08:40
Тарбияи одамӣ аз ҳамон лаҳзае маншаъ мегирад, ки вай аз батни модар тавлид мегардад. Олимон гуфтаанд ки тарбия афзалтар аз таълим аст. Ҳақбар ҷониби онҳост. Шахсе, ки тарбиятнадида ва беадаб аст, ҳаргиз наметавонад дар зиндагӣ муваффақ шавад ва шахсе, ки муҳаббат надидааст, ба касе на муҳаббат на меҳр карда метавонад. Дар назди наздикон ва атрофиёнаш нафърасон нахоҳад буд.
Дар ҷомеаи имрўза махсусан шахсони тарбиятдидаву боадаб мавқеи баланд доранд ва дар байни мардум ва ҷомеа соҳибкамол ва соҳибэҳтироманд. Ҳар шахс наметавонад аз модар тарбияи дурўст гирад. Дар уруфият беҳуда нагуфтаанд: “Олим шудан осон, одам шудан мушкил”.
Ватандорӣ аз хештаншиносӣ маншаъ мегирад. Муҳаббат ба Ватан-модар, ҳамчун амали эҷодӣ ва созандаи худмуайянкунии ҳар як инсони комил ба ҳисоб меравад. Ашхосе, ки ба гурўҳҳои террористию экстрементӣ шомиланд, саводи кофӣ надоранду мақсади асосиашон аз байн бурдани давлати соҳибистиқлол, орому осуда ва бунёд кардани “Хилофати ягонаи исломӣ” мебошад.
Ба ақидаи онҳо шахс, махсусан занҳо набояд озод ва мустақил бошанд, онҳо танҳо мехоҳанд ба хоста ва гуфтаи “халифа” итоат намоянд ва ҳарчи хилофат хост ҳамонро иҷро ва амалӣ созанд. “Давлати исломӣ” харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб додааст ва онро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн менамояд ва дар он дида мешавад, давлати соҳибистиқлол низ ҳамчун як ноҳияи тобеи хилофат пешбинӣ шудааст.
Боиси таассуф аст, ки шахсони ба ин гурўҳҳо шомиланд медонанд, ки хоҳиши онҳо танҳо сулҳу оромиро аз байн бурдан аст, вале бо вуҷуди ин онҳо боз ба он гурўҳҳо шомил мешаванд. Имрўз терроризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои олам дар зери ниқоби арзишҳои динӣ паҳн шуда, ба амнияти кишварҳои гуногун хатари бузургро эҷод мекунад.
Намояндагони ин гурўҳҳои даҳшатафкан дар навбати худ аввал ҳамон насли наврас, ҷавонро ба доми худ мекашанд, зеро ҷавонон ва насли наврас ҳанўз таҷрибаи кофии рўзгорро надоранд ва дониши дунявӣ-динии онҳо дар сатҳи паст қарор доранд.
Ин тоифаҳо мехоҳанд давлати соҳибистиқлоли моро аз байн баранд. Вале мақсади онҳо ҳеч гоҳ амалӣ намегардад. Зеро мардумон дигар аз қафои онҳо намераванд ва Ватани худро аз ин ахлоттӯдаҳои сари роҳ тоза месозанд.
Дилрабо ТОШЕВА