ТЕРРОРИЗМИ ИТТИЛООТӢ

Ҷумъа, 03/02/2023-08:15

Терроризми иттилоотӣ гуфта, шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат бо кумаки тамоми намудҳои иттилоот мебошад, ки ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад.

Даҳсолаҳои охир бо пешрафти босуръати техникаву техналогия ва омавӣ гаштани Интернет, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ усулҳои ҷалб намудани ҷавонон ва наврасонро мукамал гардонида, ҳоло ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро гумроҳ намуда бо таблиғи идеологияи беасос фирефтаи доми худ намуда истодаанд, ки ин боиси нигаронист. Чунки мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Тоҷикистон шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2,3 млн. нафар бо шабакаҳои интернетӣ пайваст буда, аксари истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ ҷавонони аз синни 16 то 30-соларо ташкил медиҳад ва онҳо маърифати истифодабарии шабакаҳои интернетиро надоранд. Ҷавонони мо моҳияти бисёр манбаъҳои интернетиро дарк накарда, ба сомонаҳои ташкилоти террористӣ даромада, ба доми фиреби онҳо меафтанд. Ҳолатҳои зиёди ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористӣ барои иштирок дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ба мисоли ин шуда метавонад. Инчунин, сарчашмаҳои радикалӣ нигаронидашуда низ дар Интернет мавҷуданд, ки таблиғоти зӯроварӣ, ҷанг, террор, ҳаёти номатлуб, паҳн намудани фарҳанг ва анъанаҳои бегона, динҳо, ҷараёнҳо ва конфессияҳои нави номаълуми ба касе ношисро пеш мебаранд. Ин яке аз ҷанбаҳои зуҳури ин шакли таҳдиди ғайрианъанавӣ мебошад. Маълум аст, ки илова бар ҳамаи ин террористон ё кибертеррористҳо ба компютерҳо, барномаҳои компютерӣ ва шабакаҳо, бонкҳо, барномаҳои мақомоти гуногуни давлатӣ, заводҳо, корхонаҳои тиббӣ ва кимиёвӣ ҳамлаҳои марговар анҷом дода, маблағҳои калонро талаб карда, маълумоти махфиро азхуд мекунанд, ғайр аз он, неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои атомӣ, заводҳо, корхонаҳои кимиёвӣ ва тиббиро аз кору фаъолият бароварда, ки дар натиҷа боиси офатҳои экологӣ ва ҳалокати одамон ва ғайра мегардад. Дар аксар ҳолатҳо террористон маълумоти махфиро барои мақсадҳои низомӣ, барои манфиатҳои истеҳсолӣ ва иқтисодӣ истифода мебаранд. Ҳоло дар бисёр кишварҳо кормандони махсус аллакай вуҷуд доранд ё омода мекунанд, ки вазифаи онҳо нобуд кардани сохтори иттилоотии рақибон, несту нобуд кардани техника, мошинаҳо ва таҷҳизоти ҳарбӣ мебошад. Кибертерроризм ва ҳама шаклҳои зуҳуроти он дар ҷаҳони муосир мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва мубориза бар зидди он муттаҳидсозии тамоми қувваҳои дохили кишварро тақозо мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аксарият давлатҳо дида дар замири пешгирии ин падидаи номатлуб пешсафтар аст. Чунончи дар баробари ба даст овардани соҳибистиқлолияти давлатӣ маҳз бо кушишу ғайрати зархаридони гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, талафоти зиёди ҷониву моддӣ дидааст, ки ин яке аз сабабҳои монеъи пешрафти босуръати соҳаҳои мухталифи кишвар гаштааст. Вале маҳз заковати Худододи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бори гарони масъулиятро бар душ гирифта, сараввал сохти Конститутсиониро барқарор намуда, дарҳол гурезагони берунмарзиро ба ватан боз гардонид. Чунки дар дигар ҳолат онҳо ба доми гуруҳҳои террористиву экстремистӣ афтода гумроҳ мегардиданд.   

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо чунин падидаи номатлуби ҷаҳонӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, аз ҷумла дар боби 21 ва 29-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998, мафҳумҳо ва муҷозотҳои кирдорҳои террористиву экстримистӣ ва дорои чунин хусусият муфассал дарҷ гардидааст.

Яке аз падидаи беназир ва чораҳои пешгирии шомил шудани ҷавонона ва наврасон ин ба тавсиб расонидан ва қабул намудани Қонунҳои миллииамон- “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  мебошад, ки ҳоло мақбули ҷаҳониён гаштааст.  Зеро дар “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳамаи омилҳо ва роҳҳои пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ таҷассум гардида, волидон ва шахсони онҳоро ивазкунандаро ӯҳдадор намудааст, ки аз болои ахлоқ ва дараҷаи саводнокии фарзандон ва зертобеашон ҷиддӣ назорат намоянд. “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад, ҳамаи анъанаҳо ва ҷашну маросимҳоеро, ки ба ниёгони мо бегона мебошанд, манъ намудааст.

 Хулоса, дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушди минбаъдаи ҷомеа ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе назардошти омилҳои иттилоотӣ амалӣ намудан ғайриимкон аст. Дар баробари рушди инфрасохтори иттилоотии ҷомеа, ки барои фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мегардад, инчунин таҳдиду хатарҳое пайдо мешаванд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахусус суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеаро халалдор месозанд. Аз ин рӯ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти илмию амалӣ дорад, ки ин нуқтаи назарро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ зикр менамоянд. Қайд кардан  ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамқадами раванди ҷаҳонишавӣ, ташаккули фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва тавсеаи технологияҳои иттилоотӣ буда, рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа технологияҳои иттилоотиро истифода менамояд ва айни замон ҳеҷ як соҳаи фаъолиятро бе истифодаи компютер ва шабакаи интернет тасаввур намудан номумкин аст. Ба ҳамин хотир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва ҳукумати электронӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар самти иттилоотонии ҷомеа ва рушди технологияҳои иттилоотӣ як зумра қонунҳо қабул гардида, дар амал татбиқ гардида истодаанд. Бидуни шак, дар шароити имрӯза ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар, дар аксар маврид, аз рушди инфрасохтори иттилоотии ҷомеа вобаста мебошад. Дар маҷмӯъ, бо назардошти масъалаҳои зерин, таҳқиқи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир хеле муҳиму саривақтӣ мебошад.

Дар фарҷом қайд кардан бамаврид аст, ки кибертерроризм яке аз зуҳуроти номатлуб буда, таъсири он вобаста ба рушди техника ва технологияи муосир меафзояд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки баҳри бартараф намудани ин амали номатлуб тамоми шаҳрвандон, бахусус ҷавононро зарур аст, ки тамоми неруҳоро истифода намуда, истифодаи бамавриди интернет ва шабакаҳои интернетиро ба роҳ монанд, то ки фирефтаи ҳар ҳизбу гурӯҳҳои номатлуби террористӣ нагарданд.

Д. ИБРОҲИМЗОДА,  судяи Суди ноҳияи Вахш 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *