МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ  ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Панҷшанбе, 19/01/2023-15:04

Таҳти раёсати раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Салимова 19 – январи соли ҷорӣ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш доир гардид, ки дар рафти он муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Мамадализода, мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Тоҷиниссо Расулова, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, фаъолон собиқадорони ҳизбу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.

Рафти маҷлис бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз шуда, масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд:

Ҷамъбасти фаъолияти ҲХДТ дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023, ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2023, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023, тасдиқи нақша – чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб, ҷорӣ намудани рейтинги ҳизбӣ ва масъалаҳои ташкилӣ.

Аз рўи масъалаҳои ҷойдошта раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш С.Салимова, мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Т. Расулова, аъзои кумитаи иҷроия С.Мирзоев, раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» С.Валиев баромад намуданд.

Дар охири чорабинӣ як қатор фаъолони ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гардонда шуданд.

Б. ОДИНАЕВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *