ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Чоршанбе,16/11/2022-10:40

Суханронии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов дар маҷмаи фарҳангии «Офтобак» бахшида 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 ноябри соли 2022

Меҳмонони азиз!

Ҳозирини муҳтарам!

 Соли 1992, баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ буда, нақши барҷаста дорад.

Ин иҷлосия, тақдири давлат ва истиқлолиятро ҳал намуда, қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат, пойдории адолат ва волоияти қонуният даъват намуд.

Хушбахтона, сокинони ноҳияи Вахш ҳам, дар қатори мардуми кишвари азизамон ин санаи таърихиро бо ифтихор аз давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар, ҷашн гирифта истодаанд.

Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахси Шумо кулли меҳнаткашони ноҳия, вилоят ва Тоҷикистони азизро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шȳрои Олии Тоҷикистон табрик гуфта, тани сиҳат, саодати рȳзгор, барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон рушду пешрафт орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки соли 1991 ба миллати тоҷик неъмати бебаҳо, соҳибистиқлолӣ насиб насиб гардид, ки тақдири миллати тоҷикро ба дасти худи ȳ дод, ки ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагонамон буд.

Лекин мутаасифона, ин хушбахтӣ дер давом накард ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои гуногун рух доданд.

Аз ҷумла, гирдиҳамоӣ ва моҷароҳои сиёсӣ, ки ҷанги ҳамватаниро ба амал оварда, бародар бо бародар дар сангарҳо бар зидди ҳамдигар оташ мекушоданд, ки дар як муддати кȳтоҳ ҳисороти зиёди ҷонию молӣ ба давлат ва халқ расида, беш аз як миллион шаҳрвандон ба давлатҳои хориҷа, аз ҷумла давлати исломии Афғонистон гуреза шуданд.  

Поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби гуруҳҳои манфиатхоҳу мансабталош ба дараҷаи олӣ расид.

Дар баробари омилҳои дохилӣ, таъсири гуруҳҳои манфиатҷȳи хориҷӣ вазъи сиёсии ҷомеаро тезонид ва хатарҳо зиёд гардиданд.

Хиёнати як гурȳҳ нафарони нохалаф ва манфиатҷȳй вазъи душворро боз ҳам қувват мебахшид ва вазъи иҷтимоӣ ба дараҷаи хеле паст рафта расид.

Дар минтақаҳои ҷудогонаи кишвар бинобар пайдо шудани маҳалгароӣ, гуруснагӣ ба вуҷуд омад.

Дар он вақт тамоми масъулиятро Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар душ гирифта буд ва самти тараққиёти кишварро муайян мекард.

Маҳз дар таърихи 16-уми ноябр то 2 – юми декабри соли 1992 Иҷлосияи Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхȳҷа Ўрунхȳҷаев  баргузор гардида, сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ барқарор гардид.

Воқеаи муҳиме, ки дар ҷараёни иҷлосия шуда гузашт, ин ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шȳрои Олӣ интихоб шудани Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кȳлоб Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ  Раҳмонро дастгирӣ намуданд.

Дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олии Тоҷикистон, маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ба вазифаи сарвари давлат интихоб шудани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.

Дар он лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба катъият изҳор намуданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам бо садоқат меҳнат мекунам»

Эмомалӣ Раҳмон дар он рȳзҳо мансаб не, балки масъулияти баланди давлатдорӣ ва ҳифзи соҳибистиқлолиро ба зимма гирифт.

Таҳти раёсати Раиси Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия 16 – ум як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки барои фаъол намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Иҷлосия, бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмии гурȳҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, принсипҳои башардȳстӣ қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27-уми март то   25 – уми ноябри соли 1992 дар ҷанги шаҳрвандӣ иштирок карда, ҷиноят ва ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд.

Ва ин амал барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва базудӣ ноил шудан ба сулҳи комил ноил гардидани кишвар мусоидат намуд.

Санади муҳими дигаре дар иҷлосия қабул гардид Қонун «Дар бораи гурезаҳо» буд.

Ва қабули ин Қонун собит сохт, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар як нафар дар ҷойи аввал меистад.

Ҳукумати нав, дар як муддати кȳтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомȳш намояд, сохтори фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерȳҳои посбонии сарҳадро таъсис дода, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад.

Дар як муддати кȳтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуда, садҳо ҷавонони ватандȳст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд.

Бо туфайли Иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад.

Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати  бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.

Дар таърихи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт.

Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ  бомасъулият ва дурандешона  амал намуда, барои ҳалли муамоҳои сиёсию  иҷтимоӣ ва иқтисодиву  маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд.

Иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо, маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем.

Бо мақсади эҳтиром гузоштан ва эътирофи хизматҳои шоиста ба халқу Ватан ҳамасола 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рȳзҳои ид», ҳамчун «Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо дар шароити орому пешравӣ не, балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба сари қудрат омад.

Мисли дигар сарварони сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои шȳравӣ дар мансабу вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ кор накарда буданд, зеро сиёсатмадори ҷавон буданд.

Вале, ба арсаи сиёсӣ бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кȳтоҳи таърихӣ тавонист мардуми ҷангзада ва парешонро сарҷамъ намуд.

Дар муддати кȳтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомȳш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ шароит фароҳам овард.

Бояд қайд кард, ки иҷрои бо мувафаққияти Аҳдномаи имзошудаи Ҳукумати кишвар ва мухолифини тоҷик дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷрибаи аввалин аст.

Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон таҳти роҳбарии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.

Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандȳстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.

Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдȳсту соҳибмаърифат ноил шудем.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст.

Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст.

Ҳамчун вакили Шȳрои Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрȳву эътибори мардум гаштааст.

Дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Комиҷроияи вилояти Кȳлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонист ҳаёти вилоятро ба эътидол оварад ва дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор намояд.

Дар он давраи мураккаб ҳатто душманони ашаддӣ аз нотарсиву қавииродагии ȳ қоил буданд.

Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари ба амаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ȳро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонид.

Аз ин рȳ, мо бояд ҳама шукр гȳем, ки дар рȳзҳои бениҳоят вазнин ба халқи мо сарваре насиб гардид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқи оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омодааст ҷонашро нисор кунад.

Эмомалӣ Раҳмон аз рȳзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард.

Барои иҷрои ин мақсадҳо ȳ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд.

Дар ҳақиқат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо мебошад.

Маҳз тавассути заҳматҳои ȳ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқароршуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд.

Бо ташаббуси ȳ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд.

Пешвои миллат аз рȳзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад.

Ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан бар гардонид, бо кȳшишу заҳматҳояш 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт.

Бо кȳшиши пайвастаи ȳ дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд.

Фарҳанги кȳҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд.

Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фароҳам оварда шуд.

Маҳз тавассути талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият сохтмони шаҳру шаҳакҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохта нашаванда тағйир дод.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз                11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш;

– барқарор кардани сулҳ дар кишвар;

–  таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ;

– хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.

Тавассути заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, узви комилҳуқуқи ҷомеаи баша рва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт.

Заҳматҳои ȳ аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳнӣ пазируфта шуд.

Оламиён тавассути баромаду пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд.

Ҳурмату эҳтироми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад.

Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомȳзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд.

Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохташуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст.

Имрȳз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст.

Бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум, ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст.

Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандȳстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.

Дар таърихи давлатҳо бисёранд сарвароне, ки баҳри рушди кишварашон аз худ осоре боқӣ намегузоранд.

Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рȳйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳмашро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромȳш намекунад.

Имрȳз мебинем, ки баъди даҳо ва садсолаҳо хизмату номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон фаромуш нашудаанд.

Асрҳо мегузарад, вале хизматҳо ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои зарин сабт шуда, дар хотираи халқамон ба як умр боқӣ хоҳад монд.

Эътимоди комил дорем, ки халқи бузург ва баору номуси тоҷик бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм мегузорад.

Бори дигар таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро табрик гуфта ба якояки Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азизамон рушду пешрафтро орзȳ менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *