30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Сешанбе,26/10/2022-16:00

Баргузории Аксияи ҷумҳуриявии «Альбом -Эстафета», таҳти унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»-ро, ки дар кишвари азизамон доир гардида истодааст, табрик мегӯям.

Баргузории ин ва чунин чорабиниҳо саривақтӣ буда, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду нумуми кишвар мебошад.

Асоси соҳибистиқлолӣ ва рушди минбаъдаи кишвар аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.    

 Аз таърих хуб огоҳ ҳасатем, ки баъд аз салтанати бузурги Сомониён, ки давлати мустақили тоҷикон буд, миллати тоҷик ҳазор сол бе давлат буд.

Гарчанде, дар ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ, Ҷумҳурии Шӯравии Содсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, лекин мо мустақилияти комил надоштем.

Дар ҳақиқат, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуҷуд омад, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар асри нав, эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳотҳои бузурги сиёсӣ ба шумор рафта, неъмати бузурги офаридгор барои ин миллат буд.

Мустақил гардидани Тоҷикистон дар соли 1991 аз музаффариятҳои нахустини давлату миллат буд ва мебоист, ки халқи тоҷик ба таври озоду мустақилона ояндаи босаодатро замина мегузошт.

Ояндае, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозаду вобастаи касе набошад.

Мутаассифона, халқи тоҷик аввалин солгарди ин рӯйдоди муҳими таърихиро таҷлил накарда, кишвари азизи мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ таҳмилӣ кашида шуд ва дар он сол хавфи ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат пароканда шудани тоҷикон ба миён омад ва самти аниқи рушд надошт.

Вазъи тираву муноқишаҳои ба нақша гирифташуда, фирефта сохтану миллатро нест кардан, бори гароне бар сари хурду бузурги халқи тоҷик вогузор кард, ки умеди ояндаи нек дар дили мардум намонд.

Вазъияти оташзаниву хунрезӣ то ҳад зиёд шуда, гуруснагӣ авҷ гирифт ва ба халқи дар гирдоби ранҷ қарордошта, танҳо роҳбаре мехостанд, ки вазъиятро ором ва мушкилотҳоро бартараф кунад.

Соли 1992 Тоҷикистон ва мардуми тоҷик лаҳзаҳои бисёр ҳассосро аз сар мегузарониданд ва дар ин сол гурӯҳҳо қудрат гирифта, ҳар навъ талафотҳоро анҷом медоданд.

         Гарчанде, дар ин замон Тоҷикистон аввалин қадамҳоро ба соҳибистиқлолӣ мегузошт, ғубори ҷангу муноқишаҳои дохилӣ фазои соҳибистиқлолии давлатро вайрон мекард.

Мардуми азияткашида умед ба сӯйи қасри Арбоб ва хулосаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ оғоз гардид, доштанд.

Он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта буд.  

Шӯрои Олӣ роҳбарияти  нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.

Новобаста аз он ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 40-сол дошт, вакилон яке аз масъулияти ҷиддӣ, нигоҳ доштани Тоҷикистон ва соҳибистиқлолиро бар души ӯ гузоштанд.

 Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

 Новобаста аз баҳсҳои тӯлоние, ки дар раванди Иҷлосия ба амал меомад, лекин ин Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намуда, манфиати умумимилиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

 Бояд қайд кард, ки вазъияти ноороми сиёсӣ, дар давраи бархӯрди қувваҳои гуногун, аксариятро ба майдони даргирӣ ва қонуншиканиҳо кашид.

Аз ҷумла, яке дидаю дониста, дигаре аз рӯи нофаҳмӣ ва ё ғараз, ё ин ки барои муҳофизати молу мулк ва оилаи худ ба ин қонуншиканиҳо даст мезаданд.

Вале, дар он ҳолат гуноҳи якеро исбот намудану бегуноҳии дигареро тасдиқ кардан мушкил буд.

Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам бо истифода аз принсипҳои башардӯстона ва ахлоқӣ «Хунро набояд бо хун шуст», ки чунин амал кинаю хусуматро бештар намуда, садди роҳи сулҳу созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ мешавад, ба Иҷлосия пешниҳод намуд, ки  Қонун «Дар бораи авф» қабул карда шавад ва ин қонун қабул гардида, гурӯҳҳо ба ба ҳукумати нав эътимод намуданд.

 Муҳим аз ҳама, дар раванди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, идеяи Ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ ба миён омада буд, ки пайдоиши ин идея худ як зарурияти таърихӣ буд.

Ин идея ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони дилозурда ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро гузошт.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо дастгирии халқ ва ҷомеи шаҳрвандӣ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлат, милатро ҳамчун миллати тамаддунофар ва дорои таърихи куҳан муаррифӣ намояд.

 Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Артиши миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард.

Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият шурӯъ карданд.  

Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд.

ӯ аз рӯзи аввал ҳамчун сардори давлат, боҷуръат ва боварӣ қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад.

 Ба қавлаш вафо кард, фирориёнро ба Ватан баргардонид, санаи 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт.

 Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки хукумате, ки соҳиби ҳокимият мешавад, қувваҳои мухолифро аз худ дур месозад.

Вале, аз тарафи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мухолифини тоҷик даъват ва дар ҳукумати кишвар ба мансабҳо таъин шуданд.

 Бо ҳамин ҷавонмардӣ ва кӯшишҳои Роҳбари давлат халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги кӯҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд.

Чорабинии имрӯза ҳам аз баракати тинҷию оромӣ ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар аст, ки бо ифтихор аз давлатдорӣ, фарҳанг, расму оин ва дастовардҳои 30-соли соҳибистиқлолӣ сухан мегӯем.

 Маҳз тавассути талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфт.

Сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба куллӣ тағйир дод.

 Бо назардошти хамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз       11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.

Тавассути заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Миллали Муттаҳида, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт.

Оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд.

 Бояд қайд кард, ки солҳои қаблӣ аслан ба созмонҳои борнуфузи ҷаҳонӣ ташаббусҳо аз ғарб пешниҳод мегардид.

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор» аз тарафи Созмони Миллали Мутаҳид пазируфта шуд.

Тоҷикистон ба ҳасйси як давлати мустақил ҳалли проблемаҳои глобалиро пешниҳод менамояд, ки таваҷҷуҳи давлатҳои дунёро ҷалб мекунад.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат, дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон бештар мебошад, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст.

     Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили халқ аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ насиб гаштааст.

 Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба ӯ унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст.

      Чунки Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо медиҳанд.

Чи хеле, ки имрӯз номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон дар таърихи халқи тоҷик бо ранги зарҳалин навишта шудаасту вирди забони мардум аст, асрҳо мегузаранд, лекин номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи таърихии 16-умро миллат фаромуш намешавад.

Итминон дорам, ки миллат нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва хизматҳои арзандаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеҷ гоҳ фаромуш намекунанд.

Чунки тавонисатанд рисолати Пешвоии худро дар назди халқу Ватан иҷро намоянд.

Итминон дорам, ки насли ояндаи ин миллат барои боз ҳам эҳё намудани тафаккури миллӣ, бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, барои ташаккули идеяи миллӣ, ки фарогири тамоми қишри ҷамъият мебошад, кӯшиш мекунанд.

Дастовардҳои 30 – соли соҳибистиқлолиро ҳифз мекунанд.  

Чунки Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки “… ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият     кори аз  он  ҳам  душвортару пурмасъулият аст”.

 Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар Шумо меҳмонони азизро ба ноҳияи Вахш хуш омадед гуфта, ба кори минбаъдаи Аксияи ҷумҳуриявии «Альбом-Эстафета», таҳти  унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» барору муваффақият меҳоҳам.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *