ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидаанд, айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гурӯҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфара бори дигар собит менамоянд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд.
Бо пешниҳоди аксҳо аз ҷойи воқеаҳои охир аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват карда мешавад, ки зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ба ҳодисаҳо ахир бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳо гузоранд.