ИТТИЛОИЯ. Дар бораи вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон

ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо идома додани амалҳои иғвоангезона ва таҷовузгаронаи худ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 17 сентябр боз талаботи созиши оташбасро вайрон намуда, ҷамоати Чоркӯҳ ва қитъаи шоҳроҳи Чорқишлоқи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз миномёт тирборон карданд. Дар ин бора дар иттилоияе, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Facebook нашр гардидааст, гуфта мешавад.

Соати 11:10-и рӯз низомиёни қисми ҳарбии 707-и ВКД Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди силоҳ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии «Исфара» оташ кушоданд. Неруҳои воҳидҳои махсуси Қирғизистон деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тирборон карданд.

Соати 11:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз системаҳои мушакӣ деҳаи Тоҷварони ноҳияи Лахши Тоҷикистонро тирборонӣ карданд. Бар асари ин ҳамла чанд сокини осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ҷароҳат бардошта, 3 бинои истиқоматӣ хароб карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин минтақа ягон ҳодисаи муноқиша ба қайд гирифта нашудааст ва тамаркузи неруву воситаҳои ҷониби Қирғизистон дар ин минтақа бо назардошти мураккабии релеф зиёда аз як ҳафтаро тақозо мекунад. Дар давоми рӯз низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш ҳамла карданд. Мактаби рақами 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он 3 нафар хонандагон ҷароҳат бардоштаанд.

Ҷониби Қирғизистон рӯзҳои охир ба хотири эҷоди симои «таҷовузкор» дар тимсоли ҳамсояи худ аз дурӯғу иғвоҳои рӯирост худдорӣ накарда, маъракаи иттилоотиро нисбат ба Тоҷикистон идома медиҳад ва бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад. 17 сентябр дар паёми худ ба мардум Президенти Қирғизистон дар робита ба Тоҷикистон вожаи «душман»-ро ба кор бурд, ки ба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мувофиқат намекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *