Экстремизм-фундаментализм терроризм зуҳуроти номатлубу хатарзо

Сешанбе, 09/08/2022-09:50
Вокуниш: Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини Ислом сўи истифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти “гўё динӣ” онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” меноманд, равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони худро иҷро намоянд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рўз мебошад, чунин иброз менамояд: “Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ба шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Имрўз бисёре аз ҷавонон ва шаҳрвандон маъно ва ҳадафҳои асосии гурўҳҳои ифротгарориро намедонанд. Барои ба хадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин восита мехоҳанд, дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Хулоса ин, ки ба мо ҳамагон лозим аст, ки кўшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус, ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурўҳҳои ифротӣ нараванд.
Мадина Нуралиева,
мудири шуъбаи кор ҷавонон ва
занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *