Шанбе, 28/05/2022-14:25
Тариқи оинаи нилгун филми мустанади «Шикасти фитна»-ро тамошо карда, бори дигар ҳисси нафрату надоматам нисбати гуруҳҳои ифротиву хоинон боло гирифт. Аслан бе тамошои филм ҳам ба ҳар фарди заккиву худогоҳ маълум буд, ки дар пушти саркардагону иштирокчиёни бетартибиҳои оммавии дар ВМКБ рухдода, афроди хоин ва ҷосусони кадом кишвари бадхоҳ қарор доранду тарроҳу маблағгузори аслии бетартибиҳо мебошанд. Маҳз тамошои филми «Шикасти фитна» имконият фароҳам овард, ки чеҳраҳои манфуру зишти ашхоси хоину фўрухташудаи дастандаркорони аслии бетартибиҳо ва бедодгариҳои дар ВМКБ аз ҷониби гуруҳҳои муташакили ҷиноӣ роҳандозишударо ифшо намояд. Аз баёнотҳои шифоҳии бешармонаву хунсардонаи Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашов ва дигар персанажҳои филми мазкур аён гардид, ки тарроҳону маблағгузорони амалҳои ҷиноӣ номуси ҳувияти миллӣ ва садоқат ба ватану ба манфиатҳои миллиро бар ивази маблағҳои ҳарроми аз душманони хориҷӣ бадастоварда кайхо боз бешарафона фўрухтаанд. Ҳамчунин ошкор гардид, ки яке аз мубалиғону пайравони содиқи ТТЭ ҲНИ ва ташкилоти ғайриқонуни ПМТ Алим Шерзамонов, ки дар шабакаҳои интернетӣ бо чеҳраи зишту ақоиди заҳрогини тундгаоёнаашзуд зуд зоҳир гашта, аз ҳувияти милливу садоқат ба ватан лоф мезанад, маблағгузори ҳаводиси дар маҳаллаҳои ВМКБ рўхдода будааст. Баъди маълумотҳои аз филми «Шикасти фитна» дастрасгардида, бори дигар ниқоб аз лиқои манфури Алим Шерзамонов бардошта шуда, чеҳраи аслии ў ошкор гардид. Маълум гардид, ки тамоми ҳарфҳои Алим Шерзамонов дар бораи ватанхоҳиву таъмини волоияти Қонун барои фиреби назар ва дуруғи маҳз буда, дар асл барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари хоҷагони хориҷиаш ва бо ин васила барои ба даст овардани маблағ мебошад. Агар ба таърихчаи солҳои охири дар кишвар зиндагонӣ намудани Алим Шерзамонов назар андозем, меълум мегардад, ки сабаби аз кишвар фирор намудану дар оғуши хоҷагони аҷнабииш паноҳ бурдани Алим Шерзамонов ҳам ягон хел мушкилоти сиёсиву ҳуқуқӣ набуда, балки дар заминаи содир намудани ҷиноёти молиявӣ яъне гурехтан аз пардохти қарзҳои аз бонкҳо гирифтааш мебошад. Аз тамошои филми «Шикасти фитна» ҳам аён мегардад, ки Алим Шерзамонов ҳамчун қалоби ифротӣ фаъолияти бо ном сиёсиашро ҳам бар асоси манфиатҳои иқтисодиааш ба роҳ монда будааст. Вале дар ин самт фаъолиятҳои омехтаи бо ном сиёсиву иқтисодиаш даҳшатнок, пурфоҷеаву қурбониовар гашта истодааст ва мутаасифона на бар зарари худи ў балки бо ҳалокати фарзандони афроди дигар анҷом ёфта истодааст. Бо фурухтани шарафу ҳувияти милливу ватандорӣ ва ба даст овардану ба хоинони ҳаммаслакаш Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашов интиқол додани маблағҳо ҷиҳати ташкил кардани эътирозҳои ғайриқонуниву бетартибиҳои оммавӣ аз хиёнатҳои нобахшидании Алим Шерзамонов маҳсуб меёбад. Бар асари фирефта гаштани фитнаи тарҳрезинамудаи Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов чандин ҷавонони роҳгумзада даст ба ҷиноёти мусаллаҳонаи оммавӣ зада, дар муқовиматҳо ҳалок гаштанд ва чандин оиларо ғамгину мотамзада гардонидаанд, ки ҷавобгарии хуни одамон ҳам дар назди Қонун ва ҳам дар охират маҳз ба зиммаи афроди болозикр мебошад. Хушбахтона ғайри интизориҳои ботили Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов мардуми бошарафу ватандўсти ВМКБ фирефтаи фитнаву дасисаҳои хоинон нагардида, балки як гуруҳи хурди ҷиноятпеша фирефта гаштанд, ки пеш аз ҳама дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятиашон худи онҳо зарар диданд. Агар ба наворҳои филми «Шикасти фитна» таваҷҷуҳ намоем, бараъло аён мегардад, ки сенарияи таҳиянамудаи фитнагарон маҳз ба ҳамон сенарияҳои дар солҳои ҷанги бародаркўш аз ҷониби идеологҳои ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо таҳия мегардид, шабоҳати комил доранд. Маълум мегардад, ки имрўзҳо ҳам Алим Шерзамонов бо ТТЭ ҲНИ дар атрофи ташкилоти экстремистии ПМТ муттаҳид шудаанд ва мусаллам аст, ки ҳамаи фаъолиятҳои чинояткоронаву хоинонаи ҳамаи гуруҳҳои ҷиноии дар хориҷ қарордошта таҳти роҳбарии бевоситаи М.Кабирӣ сурат мегирад. Ҳадафи аслии хоинони ҳувиятгумкарда таъмини иҷрои хоҷагони аҷнабиашон ва ба даст овардани маблағҳои муфт мебошад. Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов бо пайравӣ намудану истифодаи таҷрибаи хоинонаву чоплусонаи асосгузорони ТТЭ ҲНИ баҳри боз ҳам ба харобазор табдил додану ба хоку хун оғушта намудани кишвари маҳбубамон хусусан минтақаи биҳиштосои ВМКБ даст ба ҷинояту хиёнат задаанд. Шарафбохтагон бе шармона иброз менамоянд, ки бар ивази маблағ бо мақсади иҷро намудани фармону талаботҳои хоҷагони аҷнабиашон дар дохили ватан даст ба ҷиноёт зада, ҷавонони гумроҳгаштаро ба бетартибиҳои оммавӣ таҳрик додаанд. Аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо роҳбарӣ ва сармоягузории кишвари бадхоҳ ва ташкилотҳои моҷароҳў даст доштани худро дар бетартибиҳо иқрор намудаанд. Аслан дар ҳолатоҳое, ки дар филми «Шикасти фитна» оид ба амалкардҳои ҷосусони кишварҳои бадхоҳ ва ташкилотҳои моҷароҳў ёдоварӣ мегардад, гунаҳкор ҳиобидани хориҷиён чандон мантиқи наменамояд. Зеро, дар шароити пуртаззоду ҷаҳонишавии босуръати ҷаҳони муосир давлатҳои соҳибқудрат талош доранд, манфиатҳои хешро дар ҳар як давлати дигар дошта бошанд. Вале чун шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан хиёнат намуда, дар давлати ғайр ба туҳмату буҳтон ва носазо гуфтани ҳукумату давлати худ мепардозад, ҳар фарди ватандўстро хомуш нишастан намегузорад.