САРҲАД СИПАРИ ВАТАН АСТ

Шанбе, 28/05/2022-14:29

Худованди бузург дар Қуръони карим сураи «Оли Имрон», ояти 200 мефармояд: «Эй муъминон, сабр кунед, дар сабр устувор бошед ва омода бошед (Ватанро сахт посбон бошед) ва аз Худованд битарсед, шояд шуморо Худованд наҷот диҳад».

Бинобар ин ояти зикргардида, ҳифзу ҳимояи Ватан дар ислом ҷойгоҳи хос ва таъкиди сахт бандагонаш мекунад. Тамоми уламо иттифоқанд, ҳифзу марзи ватан воҷиб мебошад ва ҳар фарде ё нафаре аз ҳимояи марзу бум саркашӣ ё фирор мекунад, рӯзи охират (қиёмат) дар пешгоҳи Худованд муҷрим ва гунаҳкор мебошад.

Дар ҳадиси пайғамбарамон  ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: Фариштагон се овозро аз замин ба осмон мебаранд, аз ҷиҳати бузургӣ ва соҳиби мартаба будан:

  1. Овози қалами нависандагон;
  2. Овози қадами марзбон;
  3. Овози чархресии занон.

Дар ҷойи дигар пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с)  «Ҳуббул-ватани-минал-имон». Яъне дӯст доштани ватан ин нишони имондорист.

Дар Ҷумҳури Тоҷикистон 99 фоизашон мусулмон мебошад, нисбати марзу бум ва сарҳад хело таваҷҷӯҳи бузург доранд. Вақтҳои охир мутаассифона бо дахолати душманони миллат, зархаридони хориҷӣ, давлатҳои манфиатҷӯ, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров бо воситаи чанде аз гумроҳони сокинони кишвар У. Мамадшоева, Х. Холбашов, А. Шерзамонов  аз содагиву бетаҷрибагии бархе аз ҷавонони мо истифода бурда, теша ба решаи худ мезананд. Ин гуна кирдорҳои ноодилонаи баъзе аз ҷавонони ВМКБ, шаҳри Хорȳғу ноҳияи Рȳшон сокинони моро бетараф гузошта наметавонад. Зархаридони хориҷӣ, нохалафони ватанфурȳш, аз минбарҳои баланд мушт ба қафаси сина мезананд, даъвии Ватандȳстӣ менамоянд, куҷост он фарди меҳандȳсте, ки дар ободиву пешрафти меҳан саҳм гузошта бошад. Ватандȳсти асил нафарест, ки дар пешрафту шукуфои кишвари хеш саҳми беандоза гузошта қалбаш бо ёди Ватан метапад.  Ҳайфи ҳамон вақти ба зоеъ рафта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷуз сафсатагȳие беш нест, даъви меҳанпарастӣ мекунед. Дар куҷо ҳастанд, он фарзандони «Содиқи Ватан», албатта дар нохунак,  дар куҷо як ниҳоле сабзониданд, як гȳшаи ватанро обод кардан два ё дар сохтмони ин ё он иншоот саҳмгузор бошанд. Ҳайфи ҳамон минбар, ки мисли чуғз дар вайронаҳо нағмасороӣ мекунед. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ягонагӣ, пешрафти тараққиёти хоҷагии халқамонро чашми дидан надоред. Бо ҳар роҳу восита чун ақраб неш мезанед. Осоиши мардуми азияткашидаро намехоҳед, чунки ҳар як ҷашну иде, ки бо хушнуди истиқбол мегирем, рӯзи мотами душманони миллати тоҷик аст. Мо-мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси онро чун гавҳараки чашм дӯст медорему ҳифзаш менамоем.

Саъдӣ, сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *