Панҷшанбе, 26/05/2022-13:57
Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигари хабарии муосир ҳамватанони ноогоҳу манфиатхоҳ ва бо ном «ватандȳст» пешрафти кишвари азизи моро нодида гирифта, мехоҳанд аз ҳар роҳу восита истифода бурда, ба шуури ҷавонони мо таъсир гузоранд. Чунин тафриқаандозии ҳамватанони «ватандȳст»-и мо буд, ки чанде аз ҷавонони гумроҳу фирефтаи вилояти Бадахшон даст ба тазоҳурот зада, бетартибиҳо ба амал оварданд.
Сангандозии ба ном «Фарзандони ватан», ки корашон ҷуз сиёҳ кардани номи Тоҷикистони азизи мо ва халалдор намудани оромию осоиштагии кишварамон мебошад, моро вазифадор мекунад, ки бояд барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ талош варзем. Чунки боварии Пешвои азизамон ба миллати тоҷдори тоҷик хело зиёд мебошад ва мо бояд ба боварии ин Фарзона фарзанди миллат сазовор бошем. Мо-ҷавонон якдилона ва сарҷамъона бо Пешвои азизамон Ватанамонро ободу зебо сохтаем ва боз ҳам кȳшиш ба харҷ медиҳем, ки дар паҳлȳяш истода бо бунёдкориву созандаги Тоҷикистони азизро ба биҳишти ҳақиқии рȳи замин табдил диҳем. Мо-пайравони Пешвои миллат буда, рафтору гуфтори он гурȳҳҳои ҷудоихоҳро бо тамоми ҳастӣ маҳкум менамоем ва намегузорем, ки мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Онҳо худ дар давлатҳои бегона паноҳ бурда ҷавонони ғарибафтодаро фиреб медиҳанд. Онҳо ҳатто фикр наменамоянд, ки худ зархаридон ва гумроҳшудагони хориҷиёнанд. Худованд барои ҳар бандааш ақл додааст, то бо ақли худ кору рафтор намояду сиёҳро аз сафед фарқ кунад. Охир, бегонагон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд моро аз чаҳорчȳбаи ҳуввияти миллии хеш берун намуда, қабули мафкураи дигарро дар шуури аҳли ҷомеа, хусусан муҳоҷирони дур аз Ватан ҷой намоянд.
Гурȳҳҳои ҷудоихоҳ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шавкати Муҳаммадӣ, Ҳусейн Ашуров, Шарофиддин Гадоев, зархаридони хориҷӣ фикрҳои пучу беасос дошта, чунин ақида доранд, ки гȳё шаҳрвандони Тоҷикистон зери азоби рȳҳӣ қарор дошта бошанд. Онҳо худ, ки ба ин ҳол гирифторанд, дар тафаккурашон ҳамин ақидаю ҳамин фикр давр мезанад. Агар онҳо фикри солиму ақли расо медоштанд, ҳеҷ гоҳ пойбанди занҷири бегонагон намегаштанд. Онҳо худ медонанд, ки ҳама суханонашон ҷуз хаёли хому беасос чизи дигаре нест, аммо аз ночорӣ дигар намедонанд чӣ кор кунанд. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ пеши касе сар хам накардааст ва нахоҳад кард. Нафароне, ки мехоҳанд миллати тоҷикро боз сарсону саргардон ва пароканда созанд, худ тоҷик нестанд. Мо дар меҳани азизи худ шоду масрурем ва бо Пешвои худ мефахрем ва меболем. Ба қавли бузургвор Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: «Мо олами меҳрем, ба кас кина надорем», аммо бадхоҳону кинаварзони миллати тоҷики тоҷдори худро амон намедиҳем. Мо намегузорем, ки бадхоҳу бадбине пой ба хоки поки диёри мо гузорад. Ба қавли хирадмандон, пирони барнодили тоҷик: «Шахсе, ки либоси бенамоз ба бар дорад, ба остонаи масҷид ҳақ надорад пой монад». Ҷавононе, ки дар ғарибӣ фирефта гаштаед, як бор ба симои Ватани азизамон назар афканед, боварӣ дорем, ки ҳама фикрҳои ботил аз сари шумо дур хоҳанд шуд. Шумо дар мулки бегона соҳиби обрȳ намегардед. Кабк дар кȳҳистону хонишаш ба гȳш хуш мерасад.
Раҳимҷон Ҷалилов,
сокини ноҳияи Вахш