Ин хиёнаткорон ҳеч гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.

Чоршанбе, 25/05/2022-10:03
Вокуниш: Ин хиёнаткорон, ки дар зери фишори хоҷагони хориҷии худ қарор гирифтаанд, мехоҳанд бори дигар бо фаъолияти террористӣ – экстеремистӣ худ фазои орому осудаи халқу миллати моро ноором созанд. Мардумро фиреб дода, ба доми худ кашиданд ва ба ҷангу нобудӣ мубадал намуданд. Ин хиёнаткорон бо ғояҳои ҷанобони хориҷии худ фаъолият мебурданд, ки дар натиҷаи ин рафтори террористӣ – экстеремистии худ ҳазорон шаҳрвандро қатл ва сайди сиёсати нопоки худ қарор доданд.
Ин ғуломтабиатҳо ғуломиро аз озодӣ авло дониста, мехоҳанд боз мардумро ба куштору ҷанг даъват намоянд. Зеро ғулом қобилияти фикри худро надорад, соҳибаш чӣ гуна амр намояд онро иҷро мекунад.
Имрўзҳо ба кадом шабакаи иҷтимоие, ки назар афканем, дар он ҷо наҳзатиҳои нохалаф бо гуфтани ҳар гуна суханҳои пучу бемаъне ва бухтонҳои беасос нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон карор доранд. Муҳиддин Кабирӣ яке аз саркардагони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки бо андешаву гуфторҳои иғвоангезонаи худ мехоҳад, ҷавонони замони соҳибистиқлолии ин мамлакатро гумроҳ созад. Зеро, идеяҳои ин ташкилотҳои террористӣ- экстремистӣ ба кишварҳои гирду атрофе аз он ҷумла, бо Тоҷикистони мо низ роҳ ёфта, ҷавонони бехабарро ба доми худ кашида, барои анҷом додани амалу кирдорҳои ғаразноки худашон истифода бурда истодаанд.
Вазъи сиёсии кишвари мо айни ҳол ором аст, вале гуруҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тариқи онлайн баромад намуда, мехоҳанд вазъияти сиёсии Ватани азизамонро ноором созанд. Мо ҷавонони соҳибистиқлол намегузорем, ки нақшаҳои онҳо амалӣ гардад.
Фирдавс Қосимов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *