ХИЁНАТКОР БИГЗОР ҶАЗО БИНАД

Панҷшанбе, 19/05/2021-13:55

Ашхоси бевиҷдону палид, зархаридон ва гумроҳшудагон  ҳамеша дар пайи амали сохтани ҳадафу мақсадҳои нопоки ғайриинсонии  хешанд  ва барои ин афроди нокас  муқаддасоте  чун Ватан – Модар,  дин  мазҳаб  арзише надорад. Ин гуна шахсон, ки барояшон беҳтарин арзишҳои инсонӣ қадре  надорад ва бар ивази  заре, ки аз тарафи хоҷагонашон  гирифтаанд тайёранд ба  ҳамагуна хиёнат, катлу куштор,  нооромсозии авзои ҷомеа ва пеш аз ҳама халалдор сохтани ҷомеаи имрузаи Тоҷикистони  азиз  даст зананд. Ба  ингуна  шахсони нокас  ва ватанфурȳш  дохил мешавад,  роҳбари собиқ ТЭТ  ҲНИТ  Муҳиддин Кабирӣ   ва сагҳои дигаре, ки дар гирду атрофаш ҷамъ омадаву мехоҳанд,  бо дуруғу  буҳтон ва кинаҳои дар дилдоштаашон аз ҳама вазъияти ба амал омада истифода   карда, вазъи орому осоиштаро халалдор созанд ва бо ин амалашон худро  чун «ватандўсту  ғамхори миллат»  нишон диҳанд. Бехабар аз он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имрȳз аз тамоми амалҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо касофативу нақшаҳои тарҳрезинамудаи  ин хоинони ватанфурȳш ва хоҷагони хориҷиашон бар сари давлату миллат овардаанд огоҳи пайдо намуда, нисбаташон ҳамеша нафрин мехонанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ин нокасон чи балову зазарҳое болои ин мардум овардаанду имрӯз ҳам мехоҳанд, дубора  боз фитнаеро болои мардум бирезанд. Аммо бехабар аз онанд, ки мардуми ватандўсту  сулҳпарвари  тоҷик,  алалхусус  мо ҷавонони даврони  соҳибистиқлол   дигар  ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки нохалафе  бар ин ватани аҷдодии мо бо чашми бад  бингарад  ва  тинҷию  оромии  миллатро халалдор  созад. Мардуми  ватандўстдору ватансози тоҷик дарк намуд, ки маҳз бо ваҳдату якдигарфаҳмӣ  ва мутаҳҳиди  метавон ба тамоми қуллаҳои фатҳ расид ва ин ватани аҷдодиро  дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ободу зебо ва пешрафта нишон дод. Аз ин лиҳоз мо-аҳли ҷомеа  аз тамоми  халқи азизам даъват ба амал меоварем, ки ба фитнаву дасисаҳои ин бадҳони давлату миллат гӯш надода  баҳри пойдории сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рўзафзун саъю талош намоем.

Ҳусейн Обидов,

хатиби масҷиди ҷомеа Ҷамоати шаҳраки Киров, ноҳияи Вахш

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *