ВАТАН ЯКТО ТУӢ, САДҲО ҲАЗОРЕМ…

Чоршанбе, 18/05/2022-15:55

Ватан-модар ду маҳфуми муқаддасест, ки якеро бе дигаре тавассур натвон кард. Зеро модар бо розигии Худованд моро ба дунё овардаасту дар оғӯши пур меҳри Ватан ба воя расидаем. Агар меҳру муҳаббати модар намешуд, ҳаргиз мо фарзандони ватандӯсту меҳанпараст ба камол намерасидем.

Модар баҳри осоиши фарзанд аз ҳеҷ кори вазнин ҳазар надорад. Порае аз қалби модарем. Зеботарину аълотарин эҳсос меҳру муҳаббати Ватанро ба фарзандон меомӯзад.

Бале, меҳри меҳнату муҳаббати инсон ду шохобе ҳастанд, ки бо ҳам омезиш ёфта, дарёи нерӯманду пуртуғёни ватандӯстиро ташкил месозанд. Меҳнат решаест, ки эҳсоси тавони муҳаббати диёри маҳбубро дармон мебахшад. Мо дар ватанем ва ин Ватан аз мову шумост. Бе меҳру муҳаббат нисбати Ватан  шахси ҳақиқӣ нахоҳад буд.

Мо дар сурате худро меёбем, ки бо саховати фузунтар худро ба Ватан бубахшем. Инсон қарзи худ ва меҳани худро мешиносад, худро ҳамчун ҳиссаи халқ меёбад ва нозуктарину гаронтарин эҳсос-эҳсоси қарзу масъулиятро дар назди халқ, дар назди Ватан дарк мекунад. Чи тавре гуфтаанд: «Қарзи Меҳан маънӣ ва моҳияти зиндагии инсон аст».

Сухан дар васфи Ватан танҳо вақте таъсирбахш мешавад, ки ба кори ҷамъияти судманд тақвият ёфта бошад, вагарна ватанпарварӣ ғайри суханпардозӣ ва тиҷорат чизе дигар нахоҳад буд.

Чи тавр ганҷинаи бебаҳои мост Ватан, он сарчашмаи ниёгонамон аст, ки бароямон роҳати ҷон эҳдо мекунаду турбати аҷдоданамонро ҳифз медорад. Истилогароне фузун ба сарзамини мо ҳамла овардаанд, вале касе даст наёфтааст, ки дили халқро шиканад, муқаддасоташро зеру забар созад, рӯҳашро тасхир кунад, дар замираш ба Ватан тухми беэътиноӣ корад. Қарзи Ватан маънӣ ва моҳияти зиндагии инсон аст.

Дар тафаккури ҳар яки мо эътиқоде бояд нумуъ кунад, ки азизтарин чиз дар рӯйи олам шараф, озодӣ, истиқлолу ваҳдат аст. Эҳсосоти меҳри Меҳан яке аз аниқтарину мураккабтарин ҳиссиёти инсон аст. Дар он муҳаббат ба халқи худ, ба табиати диёри хеш ва ба шаҳру деҳоти худ бо кӯшиши гарму ҷӯшони бахшидани тамоми қувва барои ормонҳои бузурги дигаргунсозии ҷомеа узван ба ҳам омезиш меёбанду як мешаванд.

Агар мо меҳру муҳаббат ба Ватан, модар, ба нозанинони вай дошта бошем, Худованди бузург моро ба ҳақ хоҳад расонд. Ҳаёт хело рангину зебост. Инсон онро бо меҳнати ҳалол, дасту дили гарм, бо муҳаббат зеботар мегардонад. Ҳамаи ин дар болои таҳкурсии виҷдону садоқатмандӣ қомат рост кардааст ва такядори он ахлоқи ҳамидаи инсонист. Мо як ватан дорем ва тайёрам баҳраш ҷонамро фидо созам.

Ватан якто туӣ садҳо ҳазорем,

Ба ҷуз ту меҳани дигар надорем.

Шабафрӯз,

шоира-рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *