РОҲИ САФЕД, МУҲОФИЗОНИ ВАТАН!

Ҷумъа, 01/04/2022-11:13

Суханронии

раиси ноҳияи Вахш, Қурбоналӣ Юсупов дар «Рȳзи даъватшаванда», 1 апрели соли 2022

Муҳтарам даъватшавандагон!  

Афсарону сарбозон!

Падарону модарони гиромӣ!

Ҳозирини арҷманд!

Мардуми тоҷик дар масири таърих бо соҳибдавлатӣ, соҳиби забону фарҳанг, сарҳад ва расму оинҳои худ муаррифӣ гардида, имрȳз низ дифо аз мақаддасоти худ мекунад.

Ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як фарди бо ору номус мебошад.

Имрȳз мардуми заҳматкаши ноҳияи Вахш дар симои Шумо даъватшавандагон, ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромад ва паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ иброз медоранд, ки ҷавонон нерȳи созанда ва муҳофизони асили таъриху тамаддуни миллат  буда,  саҳми онҳо дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин мебошад.

Фаромуш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандȳст метавонад бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Воқеан ҳамаи Шумо ҷавонони азиз давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагон, ворисони асили сарзамини аждодӣ ва пайравони Пешвои муаззами миллатед.

Чунки имрȳз бо ифтихор барои иҷрои масъулияти фарзандии худ дар назди халқу Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар мешавед ва бовари дорам, ки ба боварии Пешвои муаззами миллат сазовор мегардед.

Шумо, ҷавонони азиз, ки барои ҳимояи волидайн, бародару хоҳар, марзи муқаддаси кишвар  сафарбар мешавед, бояд доимо зираку ҳушёр бошед, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст, ҳамчун гавҳари чашм ҳифз намоед.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш барои амалӣ гардидани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кȳшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандȳзӣ, рушд ва такмили маҳорату малакаи ҷавонон баланд бардошта шавад.

Сиёсати давлат вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омȳзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал тадбиқ карда шавад.  

Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чи андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихлосу дониши муосир бошанд.

Бо ташаббус ва дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш                       30 – нафар даъватшаванда аз курси ронандатаёркунӣ гузаронида шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.

Ҳамзамон, 13 нафар даъватшавандаҳо аз курсҳои касбтаёркунӣ гузашта, бо шаҳодатнома таъмин карда шуданд.   

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани «Рȳзи даъватшаванда» чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҳарбӣ – варзишӣ баргузор карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ аз ҷумла, байни ҷавонон идома доранд.

Ҳозири гиромӣ!

Ҳамасола, сафарбарии даъватшавандаҳо дар ду мавсим, баҳорӣ ва тирамоҳӣ ташкилу баргузор карда мешавад.

Бо ёдоварӣ аз мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мехоҳам як нуқтаро изҳор намоям, ки дар аксар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз беэътиноии волидайн, дуруст фаъолият накардани масъулини соҳа, мувофиқи матлаб нагузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ – ватандȳстии ҷавонон иҷрои нақшаи маъракаи даъват ба кашолкорӣ роҳ ёфта, монеагиҳои зиёд эҷод карда шуд.

Итминон дорам, ки дар мавсими даъвати баҳории имсола ин камбудиҳо бартараф карда шуда, падару модарон, дар таъмини иҷрои нақшаи даъват саҳми арзанда мегузоранд.

Фарзандони азиз! Падарону модарони гиромӣ!

Бояд қайд намуд, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат дар ҳама давру замон артиш мебошад.

Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароиту имкониятҳо муҳаё гардида, қисмҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисосӣ ҳарбӣ таъминанд, ки баҳри ҳимояи марзу бум, бехатарӣ, сулҳу субот ва дар таъмини амнияти кишвар омодаанд.

Барои тамоми афсарону сарбозон бояд таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар як пораи хоки Тоҷикистони азиз муқаддас бошанд ва ҳифз кардани онҳоро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузурги ҷавонмардӣ донанд.

Чунки вазъи имрȳзаи ҷаҳон, ки бисёр мураккабу пешгӯинашавандааст аз ҳар як сарбоз тақозо менамояд, ки ҳушёру зирак, масъулиятшинос бошад ва дар роҳи ҳифзи Ватан истодагарӣ намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ѓояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандȳстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил намуда, ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, гурȳҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандȳстии ҷавононро фаро гирад.

Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шумо ҷавонон вогузор аст.

Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дȳст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед».

Ҳозири гиромӣ!

Тарбияи ватандȳстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон рукни муҳимтарини сиёсати давлат ва вазифаи асосии ҷомеа мебошад.

Бояд пеш аз хама ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро аз ин мактаб омȳзанд, зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва далерӣ ба ҳисоб меравад.

Ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода кардани ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии наваскарон вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мову шумост.

Даъватшавандагони азиз!

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки тамоми мардум дар симои ҳар яки Шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд ва боварӣ доранд, ки Шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан – модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки Шумо даъватшавнадагони азиз, ҷавонони  далеру шуҷои ноҳияи Вахш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ба иродаи қавии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлат минбаъд низ содиқона адо мекунед ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик, яъне давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон сафарбар месозед.

Бигзор амалу рафтори имрȳзаи Шумо барои ҳазорон нафар ҷавонони вилоят дарси ибрат бошад.

Ҳамин аст рисолати ватандорӣ ва ҳамин аст қарзи фарзандии ҳар яки мову Шумо дар назди Ватан – модар.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи Шумо дар адои ин амали пуршараф  саломатӣ,  хушбахтӣ,  ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи ҳифзи Ватани азизамон барору муваффақият орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *