Паёми табрикии муҳтарам Юсупов Қурбоналӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоршанбе, 23/02/2022-09:55

Ҳамдиёрони азиз!  

         Пеш аз ҳама мехоҳам қайд намоям, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлол буда, дар шароити вазнини  сиёсию иқтисодии мамлакат таъсис ёфтааст. Дар ин муддати нисбатан кȳтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерȳи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат дорад.

           Мо сарфароз аз он ҳастем, ки  аз саодату нусрати Истиқлолу Озодӣ ва баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷик ватандор асту, Парчами давлатдориаш дар фазои мустақилияти комил парафшонӣ дорад.

Боиси тазаккур аст, ки давлатдорӣ бе рукнҳои муҳимми таъминкунандаи амният ва қудрати дифоии он, комил буда наметавонад. Имрȳз мо аз рȳзи таърихӣ, 23 феврали соли 1993 ёд мекунем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Ва ин нишона аз зина ба зина қудрат пайдо кардани давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бо гузашти 29 сол   нуфуз ва симои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон ба куллӣ дигар гашт. Он ба нерȳи бузург мубадал гардида, боварии мардуми тоҷикро ба даст оварда, ҳамчун сипари шикастнопазир дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ фаъолият намуда истодааст.

Дар марҳалаи ниҳоят вазнин, аз  ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони вазнини иқтисодию сиёсӣ, муайян набудани мавқеи қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ дар минтақа таъсис додани Қувваҳои мусаллаҳи миллӣ амали ҷавонмардона ва дурбинона буд ва он имконият дод, ки пеши баъзе манфиатхоҳиҳо  дар  минтақа гирифта шавад.

Имрȳз Тоҷикистон қудрати муҳофизатии ин нерȳи бузургро қадрдонӣ намуда, мардонагии ҳазорҳо нафар ҷавонмардони шȳҷои дар роҳҳи таҳкими суббот ва устувории давлат ҷон додаанд, ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад.

Мо пеши рȳҳи ин фарзандони қаҳрамон қарздорем ва ба мардонагии онҳо сари таъзим фурȳд меорем.

Таҳлилҳо собит  месозад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон таҳкурсии зарурӣ ё ин ки бе пойгоҳи аввалия ва оддитарини моддиву техникӣ ташкил гардида, саҳми он дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошубҳои хиёнаткорона, кȳшишҳои табадулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ниҳоят зиёд мебошад. Ва ин нишонаи доштани рȳҳияи баланди ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои давлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум аст. Хусусан,  дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурȳҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Таҳаввулоту ҳодисаҳои солҳои охир дар манотиқи алоҳидаи ҷаҳон баамаломада, моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ба талаботи замонаи ҳассосу ноором мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ андешем.

 Яке аз шартҳои муҳимми баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад. Имрȳз моро зарур аст, ки барои омодабошии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, корро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дуруст ба роҳ монда, дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ самаранок гузаронида шаванд.   

Дар раванди тарбияи ватандȳстии ҷавонон, ки як рукни асосии Консепсияи миллии тарбия мебошад корро ҷиддӣ ба роҳ монем. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд дар тарбияи насли наврас, бедор кардани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар онҳо саҳм дошта бошем.

Дар ин самт бояд ҳамкорӣ байни сохторҳои ҳарбӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш хуб ба роҳ монда шавад.

  Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кȳшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.

Шумо ҳамдиёрони азизро бо ифтихору самимияти беандоза сидқан табрик гуфта, бароятон саодати рȳзгорро таманно менамоям.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *