Сешанбе, 22/02/2022-12:55
Миллатсозӣ марҳилаи муҳиму бунёдӣ дар таърихи халқҳо ба шумор меравад. Асоси онро баҳамоӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ ташкил медиҳад. Ин раванди ҳаётан муҳим ва таърихан аҳамиятнок баъд аз роҳбари давлат интихоб гардидани Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини кишварамон оғоз шуда, батадриҷ вусъат пайдо кард. Ҳанȳз аз нахустин суханрониашон Эмомалӣ Раҳмон ба раванди миллатсозию давлатсозӣ дар сессияи ХУ1 асос гузошта буд ва марҳила ба марҳила (аз соли 1992 то соли 1997) дар ҷомеа, дар мафкураи мардум асосҳои воқеии ваҳдати миллиро устувор намуд. Пас аз имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сурат гирифт. Дар баробари ин ҳадафҳои стратегии давлати тозаистиқлоламон тарҳрезӣ шуда, самтҳои инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муайян гардиданд. Аз ин ҷиҳат пешрафтҳо ончунон назаррасу ҷолибанд, ки мислашро таърихи меҳани соҳибистиқлоламон ёд надорад ва борҳо ин маънӣ дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст.
Саволи матраҳ ин буд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Мухтори Кȳҳистони Бадахшон чӣ дигаргуниҳое ба амал омадааст? Ҷавоб низ рушан буд. Маблағгузориву ободонӣ дар қиёс бо замони Шȳравӣ садҳо маротиба зиёд аст.
Сохтмони роҳи ҳаётан муҳимро корномаи бузурге аст, зеро ин роҳ аз як сȳ мушкилоти ҳазорсолаҳо вуҷуддоштаро аз байн бурд, аз ҳама муҳимаш робитаи вилояти Хатлонро бо вилояти Бадахшон доимӣ кард ва рафта ба Чин расид. Тавассути ин роҳ ду ҳадафи муҳим аз бунбасти коммуникатсионии берунӣ ва дохиилӣ моро раҳо кард ва дар ин радиф шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд, сохтмони пулҳо дар дарёи Ому, роҳи Душанбе сари Тошро низ метавон ёдрас шуд. Ба ин ҳаҷми бузург корҳои роҳсозиро танҳо давлати мардумпарвар ва Президенти мардумӣ анҷом дода метавонанд. Бовар дорам агар мухолифони давлати мо боре бо ин роҳҳо сафар кунанд, ҳарду дасташонро боло мебардоранд, ба Ҳукумати Тоҷикистон аҳсант мехонанд. Магар ин иҷрои талаботи оинномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нест?
Дар як вақт ва бо як амали нек чанд мушкилотро ҳал кардан танҳо ба Роҳбаре даст медиҳад, ки ба Ватан содиқ аст, халқашро дȳст медорад. Қавлу амали ягона дорад. Ба таври маҷмȳи ба рушди кишвар диққат медиҳад. Ҳамаи ин корномаҳо аз назари мардум пинҳон намемонад.
Мардум дар симои давлат пуштибони худ, дар симои Пешвои миллат кафили сулҳу ваҳдат ва хушбахтии хешро мебинад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо рамзи муттахидии мардуми кишвар, балки рамзи ваҳдату ягонагии тоҷикистон рȳи ҷаҳон эътироф шудааст.
Аз як сȳ иқтисод ва иҷтимоъ пеш рафта, дар ин баробар сатҳи фарҳангу адабиёт ба таври назаррас боло меравад. Ин омилҳо дар ҷодаи миллатсозӣ аз нигоҳи назариву амалӣ асоснок ва манфиатбахшанд. Бо мо тоҷикам гуфтан миллат пайдо намешавад, балки миллат дар натиҷаи чунин маъракаҳои муҳим омезиш ёфта, худро мешиносад, анъанаву фарҳангашро нигоҳдорӣ мекунад ва дар масири ҳаёт умри абад меёбад. Миллати огоҳ ба роҳбарии Пешвои хеш ба ваҳдат расида, аз меваҳои боғи ваҳдат натанҳо Номи мо, балки ҳаётамон ширин гардидааст.
Ёдовар шудан аз таърихи миллат дар ин роҳи дароз барои эҷодкорон муфид аст ва ҳақиқат дар баҳс тавлид меёбад ва адибон якдигарро ислоҳ намуда, хулосаҳои дурусти мантиқию таърихиро пайдо мекунанд.
Аз ин нуқтаи назар вақте Эмомалӣ Раҳмон ба мардум сулҳ ваъда кард, халқ дар атрофаш ҷамъ омада, анҷуман оростанд.
Ҳамаи ташаббусҳои вобаста ба сулҳу ваҳдатро Пешвои миллат дар такя ба халқ, якҷоя бо мардум роҳандозӣ кард. Ба ин хотир беҳтарин ақлҳоро ҷамъ овард.
Халқи тоҷик, ки табиатан сулҳдȳст аст ва дар давоми таърих борҳо аз дастии ҷангҷȳён бехонумон шудааст, ба Роҳбари давлат, ба якдигар, ба ояндаи шукуфон бовар карда, роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ намуданд. Муҳити созгори маънавӣ ва боварӣ ба вуҷуд овардан дар тинати одамон аз сатҳи поён то ба боло заминаи сулҳи сартосариро устувор гардонид.
З-ин рȳ мебояд даст ба дасти ҳам диҳем, то Ватанро обод созем. Фирефтаи ҷинояткорони ифротӣ нагардида, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Комёр, сокини ноҳияи Вахш