АЗ ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

Душанбе, 21/02/2022-10:45

Дар Ҷаласаи назоратӣ назди раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раёсати молия, Нозироти андоз, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳия ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Вахш Қ. Юсупов, оид ба иҷроиши нақшаи кишти картошта, зироатҳои полезӣ, шудгори заминҳо, кандану заҳбуру заҳкашҳо, тайёр намудани техникаҳо барои мавсими нави кишти зироатҳои баҳорӣ, обунашавӣ ба рȳзномаву маҷаллаҳо, баргузории вохȳриҳо бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ, дар муассисаҳои таълимӣ, сатҳи хизматрасонии тиббӣ бо аҳолӣ, яъне усули хона ба хона, тайёрӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида, ба Рȳзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рȳзи Модар, ва Наврȳзи байналмилалӣ, сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи андоз, бақияи қарзи андозҳо, омилҳои зиёдшавии андоз, иҷроиши нақшаи андоз аз даромади ташкилоту корхона ва соҳибкорони қарздор аз андоз суханронӣ намуд. 

Мусоидат ва ҳалшавии мушкилоти соҳибкорон ва иҷроиши саривақтии андоз мебошад. Мутаасифона имрӯз ба мушоҳида мерасанд, ки маблағи андозро саривақт пардохт намекунанд ва боиси зиёдшавии қарздорӣ аз андоз ва иҷро нашудани саривақтии нақшаи андоз мегардад. Аз ин лиҳоз, кормандони Нозироти андози ноҳияро зарур аст, ки роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони қарздор аз андоз даъват намуда,  мушкилоти саривақт пардохт накардани андоз ҳаллу фасл созанд.

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *