ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ХИСОРОТИ ЗИЁД РАСИД…

Панҷшанбе, 13/05/2021-13:30
Бар асари боришот дар Ҷамоатиҳои «Машъал», «Ваҳдат» ва «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш хисороти зиёде расид.
Аз он ҷумла 60 хонаи истиқомати пурра, зиёда аз 90 хона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳамчунин 1900 гектар зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои аҳолӣ пурра зери обул ой монданд. 7 пȳл пурра аз байн рафта, 3 пули дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 1 насоси обкашӣ ва 2 обанбор пурра корношоям шуданд. 1 талафоти ҷонӣ, 35 чорвои аҳолӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, дар маҳалҳои осебрасида ба аҳолӣ кумак мерасонанд. Зарардидагон таҳти ғамхорӣ қарор дошта, бо маводҳои ғизоӣ ва хȳроки гарм таъминанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *