ВОКУНИШ: Ба Радиои озодӣ

Чоршанбе, 28/04/2021

Дар ҷаласаи назоратии назди раиси нохия маводи видеоии «Иттифоқи беоб» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Қайд гардид, ки далелҳои дар оварда шуда, асоси воқеӣ пурра надоранд, зеро Радиои озодӣ ба гуфтаҳои занаки лаби об (Ҷумъагул Ашȳрова ва Шамъигул Шарипова) асос оварда наметавонад. Чун ки ҳар як навор оварда шуда, бояд далел дошта бошад. Барои дарёфти далел журналист на бо занаки бекори қади кȳча балки бо раиси маҳалла ё раиси ҷамоат ҳамсуҳбат мешуд. Чаро он журналисте, ки ин наворҳо сабт кардааст, магар аз кȳчаҳои марказии ноҳияи Вахш нагузашта бошад, ё бо ягон ҳавопаймои махсус ба деҳаи «Иттифоқ» омад.
Муҳтарам журналист ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар деҳаи мазкур аҳолие истиқомат доранд, бо қарори раиси ноҳия соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ гаштаанд. Чаро ин мушкилоти доштаашонро на ба мақомоти маҳаллӣ арз кардаанду на ба Ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки аз омадани журналисти Радиои озодӣ на раиси маҳалла дарак доранду на раиси ҷамоати мазкур. Аз ин бармеояд, ки навор пахшгардида воқеият доранд.
Муаллифи муҳтарам агар дар деҳаи «Иттифоқ» 300 хоҷагӣ 8 сол боз истиқомат доранд, бо қувваи аҳолӣ, ҳашар ва ё ягон соҳибкор ба деҳа об овард. Мардуми кȳҳистон дар ҳамбастагӣ ба болои кȳҳҳои азим об мебароранд, боғу роғ месозанд, магар онҳо аз уҳдаи об баровардан ҳам намебароянд.
Агар дар деҳа об набошад, пас ин аҳолӣ сохтмонӣ ин қадар хона аз куҷо карданд. Магар аз маркази ноҳия об оварданд. Оё аз мушкилоти беобӣ фақат Ҷумъагул Ашȳрова ва Шамъигул Шарипова меноланд, чаро дигар сокинони деҳаи мазкур шикоят надоранд. Ҳар шахс агар дар ҷое истиқомат мекунад, аз ҳамон обе, ки дасту рȳй мешȳянд, ақалан дар муддати 8 сол як дарахт месабзонд, 8 дарахт ба самар меомад. Худи сокинони маҳал ба беобӣ гунаҳкоранд, Чунки агар даст ба дасти ҳам медоданд, чулистон дар муддати 8 сол ба гулистон табдил меёфт, вале афсȳс…
Дар масъалаи надоштани мактаб дар деҳаи «Иттифоқ» ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ба 1 апрели соли 2021 на 320 хоҷагӣ, балки 300 хоҷагӣ истиқомат мекунанд. Боиси қайд аст, ки 64 хонанда аз деҳаи «Иттифоқ» ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, дар филиали муассисаи мазкур 174 хонанда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-и ноҳия дар маҷмуъ 329 хонанда таҳсил менамоянд. Барои сохтмони мактаб дар деҳаи мазкур хулосаи археологҳо лозим. Ҳангоми кардани 30-40 сантиметри замин аз он об мебарояд ва сохтани мактаб низ ғайриимкон аст. Иншоот бояд ба талабот ҷавобгȳ бошад, дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои фавқуллода, аз он ҷумла заминларза, обхезӣ, боришоти сел бино бояд бо мустаҳкам бошад.
Муаллифи муҳтарам, пеш аз он ки камбудии ночизеро, (агар он дар ҳақиқат бошад) бубинад, чашми сар боз мекарду аз он ободиву бунёдкориҳое, ки имрўз дар ноҳияи Вахш ҷараён доранд ва ба қавли пирони рўзгордида тўли 70 соли гузашта чунин корҳо бори нахуст ба чашм мерасанд, дидан мекард ва онро чун намунаи ибрати шоиста ба қалам медод. Бояд гуфт, зиёда аз 15 км. роҳҳои марказӣ мумфарш карда шуданд, чандин иншооти ҷашнӣ дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Хулоса, корҳои ободониву бунёдкориҳое, ки дар зарфи танҳо ду соли охир раиси ноҳияи Вахш ба анҷом расонидааст, баробар ба он заҳмате аст, ки тамоми раисони пешинаи ноҳия, дар давраи фаъолияти кориашон ба иҷро расонидаанд. Хеле хуб мешуд, ки муаллифи муҳтарам ба сафари хизматӣ ба ноҳияи Вахш меомад ва бо ободиву корҳои муҳими имрўз анҷомёфта аз наздик дидан мекарду наворҳои шаффофро пахш мекард.
Мардуми сарбаланду шарафманди ноҳияи Вахш барои ояндаи неки давлату миллат, ояндаи неки худ ва фарзандони худ, даст ба корҳои ободонию созандагӣ зада, кȳшиш ба харҷ медиҳанд, ки 30 солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *