ВОРУХ ИВАЗНОПАЗИР АСТ!

Душанбе, 05/04/2021-16:44
ВОКУНИШ: Тайи чанд рeзи охир Ворух сари забонҳост ва он натанҳо мафҳуми номи як деҳа, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама манотиқи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёна ва таҳаммулпазиронаи Пешвои миллат ба ҳам гаштааст. Чанде қабл аз ҷониби мақомдорони ҳамсоякишвари Қирғизистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки деҳаи зебоманзар ва таърихии тоҷикон Ворухи Тоҷикистон бо қисме аз деҳаи Боткенти Қирғизистон иваз карда шавад. Бархе аз мансабдорон ва худхоҳони қирғиз аз ҳадди худ гузашта, аз меҳрубониву хомӯшии мо тоҷикон истифода бурда, мехоҳанд поррае аз сарзамини аҷдодии моро ғазб кунад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба қирғизҳо ҷавоби дандоншикан доданд. Олимону донишмандони тоҷик бо истифодаи аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ бори дигар собит намуданд, ки натанҳо Ворух, балки Бодкент ва баъзе маҳалҳои қирғизнишин низ ба хоки Тоҷикистон тааллуқ доранд.
Мардуми хамсоякишвари моро мебояд, ки аз нуқтаи назар таърихи сухан карда, бедалел бо андешахои фитнакоронаашон даъвои марзхохи нанамоянд. Мо точикон хоки ин сарзамини ачдодиамонро ба хеч гунна дуру гавҳар надиҳем ва шумо низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибатхои дустонаро миёни ду давлат барҳам насозед, зеро ки мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳад.
Мо ҷавонон ин пешниҳод ва андешаҳои бебунёди мақомдорони қирғизро маҳкум намуда, изҳор медорем, ки хоки муқаддаси Ворухи азизро натанҳо бо Боткент, балки ба тамоми қаламрави Қирғизистон иваз нахоҳем кард. Ин хостаи онҳо ғайриимкон аст ва мо тоҷикон ҳеҷгоҳ пораи Ватанро, ки бо пораи ҷон баробар аст, ба ҳеҷ дуру гаҳвар иваз нахоҳем кард.
Мудири шуъбаи кор бо чавонон ва
занони Кумитаи ичроияи ХХДТ
дар нохияи Вахш
Вакили Мачлиси вакилони халки нохия
аз хавзаи интихоботии №3 Салимова Сабохат

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *