ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раиси ноҳияи Вахш муҳтарам Қурбоналӣ Юсупов бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Сешанбе, 23/02/2021-09:30

Бисту ҳашт сол мешавад, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати хизматии худ-ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Таҷлили имсолаи ҷашни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврае рост меояд, ки мардуми шарифи кишварамон бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ ва суботи ҳамешагӣ бо ифтихори баланди ватандорӣ баҳри истиқболи бошукўҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишонаҳои асосии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, баҳри пойдории  Истиқлолияти давлатӣ масъулияти баланди хизматиро бар дўш дорад.

Ба хотири гиромидошти ин сипари боэътимоди Ватан зимни Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар арзи сипос ва миннатдории самимии худро нисбат ба  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, иброз намуданд, ки саҳми ин ниҳоди пурқудрат дар таъмини амнияту оромӣ ва ҳифзи якпорчагии ватани азизамон бениҳоят калон мебошад

Ташкил намудани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон  яке аз рўйдодҳои басо муҳим ба ҳисоб  рафта, ҳадафи асосии он таъмини амнияту оромии Ватани маҳбубамон  мебошад.

Аз рўзҳои аввали роҳбари давлат интихоб гардидани худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис додан  ва аз лиҳози моддию – техникӣ қудратманд намудани Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  заҳмату талошҳои зиёде намудаанд.

Дар рўзҳои барои миллатамон ниҳоят вазнин ташкил ёфтани ин ниҳод баҳри  ҳифзи якпорчагии Ватан ва аввалин намоиши ҳарбии рўзи                  23 феврали соли 1993 дар майдони «Дустӣ»-и пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузоршуда, натиҷаи ҳамин заҳматҳои шоёни Сарвари давлатамон мебошад.

Ин аст, ки ҳамасола санаи 23-юми феврал дар Тоҷикистон рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди муҳофизони Ватан бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин муддати сипаригардида Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони тозаистиқлол ба мактаби тарбияи ватандўстӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонида истодааст.        

Ҷиҳати ба мактаби  омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ дар доираи Барномаҳои давлатии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тадбирҳои заруриро  роҳандозӣ  менамояд.

Дар  марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба  вобаста мебошад.

Аз ин хотир ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ аз ў пеш аз ҳама иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.     

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам  хотирнишон менамоянд, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки  афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Бо гиромидошти ин гуфтаҳо мардуми шарифи ноҳияи Вахшро ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ин нерўи тавоно ва қудратманди кишварамон дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва ҳимояи марзу буми ватани маҳбубамон бурдбориҳоро таманно менамоям.

Рȳзи ҳомиёни Ватан муборак, ҳамдиёрони азиз !

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *