НАСЛИ ҶАВОНУ ОЯНДАСОЗРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

Панҷшанбе, 21/01/2021-12:10

Паёмбари Худо ватанашро дӯст медорад, мо умматонаш бояд ба ӯ пайравӣ намуда, ватани худ ва марзу буми ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошем. Фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, эҳтироми калонсолон, эҳтиром ба оиладорӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои миллиамон тарбият кунем, ки фардо дар ғафлат намонем.

Ҳар шахсе, ки заррае дар вуҷуди худ ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллӣ дорад, ба худ савол медиҳад, барои чӣ дар ҷомеаи мо заноне пайдо шудаанд, ки аз сар то по либоси сиёҳ, ҳиҷоб пӯшидаанд, ё ҷавононе ҳастанд, ки новобаста ба синну сол ришҳои дароз монда, аз меъёр мегузаранд. Пас суоле пеш меояд, ки либоси миллии тоҷикӣ чи айб дорад?. Магар модару модаркалонҳоямон аз дин дур буданд? Баръакс, фикр мекунам, диндории онҳо поку беолоиш буду намозу рӯзаашон самимию беғаразона ва сидқан бетамаъ буд. Дини мубини ислом дини покиву озодагӣ буда, бояд сурату сирати инсон низ ба он мувофиқат намояд.

Вақтҳои охир таваҷҷуҳи аксарияти ҷавонон ба суҳбати пирони рӯзгордида  нигаронида шуда, ин амал асосан ба хотири шунидани панду насиҳат сурат мегирад. Яъне, ҷавонон асосан ба ислом, панду насиҳатҳ ва маслиҳату нишондодҳои тарбиявӣ таваҷҷуҳ доранд.

Банда ҳамчун як сокини кишвар аз ободию созандагиҳои Пешвои миллатамон дар 29 соли сипаришудаи соҳибистиқлолӣ  ифтихор мекунам. Ҳар шахсе, ки ин заҳмату меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллатро нодида мегирад, ба қадри он намерасад, ё бетарафӣ мекунад душмани миллат ё хоини ватан мебошад.

Соли 2021 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, таҷлили сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғояи сиёсиву мафкуравии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки ин ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии ватани азизамон – Тоҷикистон аст. Барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама, мо ба қадри неъмати бузургу бебаҳо-ваҳдати ҷовидонаи халқи худ бояд бирасем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош варзем. Зеро ин қарзи фарзандӣ ва рисолати ҳар фарди кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми зиёрати хонаи Худо – Каъбаи мукаррама дар ин муқаддасҷо аз Худованди бузург фақат орзуву дуои тинҷиву ободии Ватани азизу миллатамонро кардааст.

Нурмаҳмад Ниёзӣ дар ҳаққи Пешвои миллат гуфтааст:

…Ту ҳамонӣ, дигар нашуд суханат,

Мамлакатро ба ваҳдат овардӣ.

Ту ҳамонӣ, ки хун шудӣ сад бор,

Миллатеро ба давлат овардӣ.

Ояндаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва гулгуншукуфони ватан дар дасти ҷавонону наврасон аст. Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд, қодиранд давлатро ба пеш баранд. Мо-калонсолон аз ҷавонону наврасон умеди нек дорем ва дуогӯи онҳоем то Тоҷикистонро ба кишвари абарқудрату пешрафтаи олам  табдил диҳанд. Ҳамаи мову шумо дар якҷоягӣ шоҳсутуни Тоҷикистони ҷавонем, ки метавонем бо ин мустаҳкамӣ бинои боҳашаматеро бунёд кунем. Мо-аҳли ҷомеа, бояд наслҳои худшиносу худогоҳи ин Ватан ва ватанпарвару меҳандӯстро ба камол расонем. Мо-тоҷикон як миллатем, бо ҳамем, аз як наслем, ки кибру ғурур ва кинаву адоват дар қалб надорем. Дар сар тоҷи заррини худро дорем. Мо миллате мебошем, ки  давомдиҳандагони  давлати бузурги  Сомониёнем ва он  ягона  давлате, ки зиёда аз ҳазор сол пеш ҳамчун давлати тоҷикон девони вазирону вазоратҳо дошту барои тамоми дунё як шакли намунаи ибрату тартиби давлатдорӣ боқӣ мондааст. Мо тавонистем ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мардуми сулҳдӯсту ваҳдатпарварем. Дар Тоҷикистони зебои мо сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ пойдор аст. Мо-мардуми сарбаланди тоҷик бояд бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намоем, ваҳдати миллиро дар Ватани азизамон нигоҳ дошта метавонем.

Эргаш Гумаев,

сокини деҳаи Пешқадам,

Ҷамоати деҳоти «20солагии

Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *