«БОМДОД.КОМ» – СОМОНАИ БӮҲТОН ВА ИҒВОАНГЕЗ

Чоршанбе, 20/01/2021-18:44
Бадхоҳони давлати миллии мо дар ҷомеа тавтеа ва ҳангомаву дурӯғ паҳн мекунанду бо ҳар роу васила фаъолияти муваффақу созандаи Ҳукумати кунунии Тоҷикистонро бедалелу асос интиқод менамоянд. Ҳамаи ин бад гуфтану бадгӯи кардан нисбат ба давлати Тоҷикистон ба он хотир аст, сокинони кишваро ба шӯр оварда, нисбат ба давлати миллии худ нафрат ва бадбиниашонро зиёдтар намуда, суботу оромии ҷомеаро барбод диҳанд. Айни ҳол василаи ягонаи расидан ба ин ҳадафи нопоки душманону хоинони миллати тоҷик тавассути расонаҳо ва сомонаҳои интернетӣ иғвогарӣ, тавтеагароӣ ва ҳангомасозӣ кардан ба ҳисоб меравад. Дар ин амали хабисона сомонаи «Бомдод.ком» вақтҳои охир аз ҳад зиёд ва бедалел дурӯғпароканӣ, воҳимаангезӣ ва тавтеасозӣ мекунад.
Сомонаи мазкур, чанд моҳ пештар дар фазои маҷозӣ фаъол шуда бошад ҳам, кайҳост минбари наҳзатиёни террорист буданашро равшан кардааст. Мардуми худогоҳи кишвар хуб медонанд, ки матолиби ғаразнок ва бидуни таҳлилро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет паҳн намудан яке аз амалҳои аслии наҳзатиёни хиёнаткори ватану миллати тоҷик мебошад. Аз гузоришу хабарҳои чанд рӯзи охири «Бомдод.ком» маълум гардид, ки ин минбари террористон ва ифротгароён дар пахшу нашри иттилоот ва таҳлилҳо хати муайяни худро дорад ва ҳеҷ гоҳ фаротар аз марзи барояш муайяннамудаи наҳзатиёни маблағгузору пуштибонаш матлабе чоп намекунад. Дар хусуси демократия ва озодии баёну ҳуқуқ ҳар гуна матолиб интишор намудани ин минбари наҳзатиён фиреби назаре ва ба гумроҳӣ андохтани мардум мебошад.
Муҳаррири сомонаи «Бомдод.ком» Мирзои Салимпури бешарафу беномусу худбохтаю ватанфурӯш аст, ки то чанд сол пештар резачини хони расонаҳои хориҷӣ буд. Барои хабаркашиву низоъангези миёни ҳамкоронаш ӯро чанд сол пештар аз бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод// радиои Озодӣ, пеш карданд. Ин гумоштаи наҳзатиёни террорист на барои инъикоси воқеияти ҷомеаи кишвари мо, балки барои боз ҳам бештар дар хориҷи кишвар мондану бад гуфтану бад нишон додани Ҳукумати Тоҷикистон мавод таҳия намуда, дар интернет паҳн мекунад.
Муҳаррири худбохтаи сомонаи «Бомдод.ком» дар бештару воҳиманок ва ҳангомабарангез паҳн намудани итттилоот “пешқадам” аст, зеро маърифати шинохти аслии Ватану Миллат, барои ин тоифа бегона аст. Ин бегонапарасти ҳувиятбохта фаҳми дарки Ватану Ватандорӣ ва миллатшиносиро надорад ва танҳо ватандориро дар интиқоди беасоси давлати миллӣ мебинад.
Бо номҳои ғаразноку бадвоҳима интишор намудани хабару гузоришҳо дар ин минбари террористону ифротгароён, баёнгари он аст, ки маҳз чунин гумоштагони хориҷӣ ва чунин “тоҷикони беаҳмияту беҳувият” барои афсурда шудани мардум дар кишвари мо заминагузорӣ мекунанд. Ҳар соату ҳар рӯз барои мушавваш намудани мардуми Ватани худ, хабарҳои ҳангомавиву иғвоангез паҳн намудани нохалафон, ба мисли Мирзои Салимпур нишонгари он аст, ки онҳо ба душмании мардум равонаанд.
Мирзои Салимпур бо пахшу нашри маводи иттилоотии бепояву бедалел ҳадаф дорад, ки танишҳоро миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, раванди нобоварӣ ва беэътимодии мардумро нисбат ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳрик диҳад, то боз ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта такрор шаваду ду-се бешараф ба мақсади касифашон расанд. Аммо ин нияти нопоки наҳзатиёни амалӣ нахоҳад шуд, зеро мардуми сарбаланду огоҳи тоҷик кӣ будану чӣ ҳадафҳои нопок доштани наҳзатиёни террорист ва пайравони онҳоро хуб медонанд.
Мардуми сарбаланду худшиноси тоҷик ҳаргиз намегузорад, ки гурӯҳаки ҷинояткоре сулҳу суботи ҷомеаро халалдор созаду раванди босуботи такомули сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз маҷрояш берун кунад.
Фаррух Шоҳмуҳаммад
муҳаққиқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *