СУХАНРОНИИ Раиси ноҳияи Вахш, муҳтарам Юсупов Қурбоналӣ Қувватович ба муносибати  таҷлили  Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон        6 ноябри соли 2020.

Ҷумъа, 06/11/2020-08:25

Ҳамдиёрони   азиз,

Ҳозирини гиромӣ,

     Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии сарнавиштсоз, бо фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ба сўи ояндаи дурахшони  кишварамон роҳи васеъ кушод.

Маҳз тавассути ин санади олии ҳуқуқии кишвар Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон 29 – умин солгарди он таҷлил карда шуд, эътироф ва баён гардида,  асосҳои сиёсиву ҳуқуқии кишвар ба таври равшан муайян карда шуд.

Таҷлили имсола солгарди қабули Конститутсия ба даврае рост омад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо изҳори андешаи озод ва риояи принтсипҳои демократӣ дар маъракаи Интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рўзи   1-март баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, номзадҳои арзандаи худро ба сифати вакил интихоб намуданд.

Инчунин дар баробари дигар сокинони мамлакат шаҳрвандони ноҳияи Вахш низ  дар маъракаи дигари муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 11-октябр баргузор гардид, самимона ширкат варзида ба тарафдории номзади арзандаи ин миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

Дар маросими савгандёдкунӣ, ки рўзи 30-октябр дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили Конститутсия баҳри рушди минбаъдаи ватани азизамон ва рўзгори босаодати мардум суханронии барномавӣ намуданд.

 Вобаста ба ин ҳар яки моро зарур аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Президенти маҳбубамон бо       дарки баланди ватандорӣ ҳиссагузор бошем.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Бахтномаи миллат  яке аз дастовардҳои бузурги даврони  соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд ин Санади олии ҳуқуқӣ соли 1994 қабул гардида бошад ҳам аммо аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо пешниҳод ва зери роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва баррасии он оѓоз ёфта, муҳимтарин нуқтаҳои оини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол  таҳия  шуданд.

Мо аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки дар муддати 26 сол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба сўи рўзгори босаодат ҳидоят намуда, сарсабзиву шукуфоиҳои фаровонро ато намуд.

Бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз вазъи номуътадиле, ки ҷомеаро фаро гирифта буд бартараф гардида, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути  он аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд.

Конститутсия ҷомеаро муттаҳид сохт ва сарҷамъӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи арзишманду нодири охири асри XX – фарҳанги сулҳи тоҷиконро дар амал татбиқ намуд. Ин таҷрибаи нодир оламиёнро дар ҳайрат гузошта, мавриди омўзиш дар арсаи байналмиллалӣ қарор гирифтааст.

Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол шакли идоракунии давлат, сохти давлатӣ, моҳияти демократӣ ва муносибат бо динро муайян намуда, таѓйирнопазирии онҳоро таъкид менамояд.

Мувофиқи таҳлилҳои Созмони амнияту  ҳамкории  Аврупо Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар қатори панҷ Конститусияи беҳтарини аъзои ин созмон эътироф гардида, дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Федератсияи Русия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Ҳозирини гиромӣ,

Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун падидаи давлатӣ-ҳуқуқӣ мақсади асосӣ қарор дода, дар меъёрҳои худ волотарин идеяҳои инсондўстонаро инъикос ва мустаҳкам намудааст.

Агар  меъёрҳои Конститутсияро таҳлил намоем, қариб дар ҳамаи онҳо идеяҳои инсондўстона таҷассуми худро ёфтаанд.

Ҳатто дебочаи Конститутсия, ки қисмати муқаддимавии он ба ҳисоб меравад, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дўстии миллату халқиятҳоро эътироф мекунад.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътирофу риоя ва ҳифз намудани давлат ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян шудааст.

Аз ин ҷост, ки калонтарин боби  Конститутсия ба масъалаи  ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, сеяки ҳаҷми умумии Конститутсияро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, мутобиқгардонии Конститутсия ба талаботи давлатдории навини тоҷикон ва бо дарназардошти ба вуқўъ пайвастани таѓйироти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ баҳои сазовор дода, баён намуда буданд, ки;

 «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои Истиқлолият, мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи  воқеан шаҳрвандӣ, рўшди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрўву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ  қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Бо боварӣ метавон гуфт, ки алҳол  дар кишвар барои тавсеаи ҳамаҷонибаи соҳаҳои  ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ шароит мувофиқу созгор буда, марҳилаи тозаи ташаббусҳои наҷиб, созандагиву бунёдкорӣ бо рўҳияи  баланди ватандорӣ идома дорад, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти кишварамон исботи ин гуфтаҳо мебошанд.

Бо шукргўзорӣ аз фазои орому осуда  ва тантани суботу оромиш дар партави нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ва Бахтномаи миллат, Тоҷикистон ба сўи музаффариятҳои бузург ва дастовардҳои беназир қадам зада, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мавқеъ ва мақоми арзандаро дарёфтааст.

Боварии комил дорем, ки ин Бахтномаи миллат солҳои тўлонӣ баҳри шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол  ва равнақи доимии бахшҳои мухталифи он хидматгузорӣ хоҳад намуд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҳамдиёрони  азизро ба муносибати рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сароѓози давлату давлатдории навини  мо ва номаи бахти миллатамон мебошад, табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ ва хушбахтиро орзу менамоям.

Сарбаланду  саодатманд  бошед !

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *