Д.Атовуллоев бо мушти обдор М.Кабириро накаут мағлуб кард

Шанбе, 10/10/2020-18:04

Мубоҳисаи  байни Д.Атовуллоев ва М.Кабириро, ки тариқи шабакаи интернетии ифротигароь Радиои Озодӣ пахш гардида буд, тамошо карда бори дигар итминон пайдо кардам, ки М. Кабирӣ лухтаки дасти охундҳои эронӣ буда, тавассути ҳизби мамнуъи экстремистии наҳзаташ ҳадафҳои мазҳабии хоҷагонашро амалӣ менамояд.  Д. Атовулоев дар ин мубоҳиса бори дигар ба таври ошкоро парда аз рўи манфури М.Кабирӣ бардошта, бо далелҳо қотеъона сири ҳамдастӣ доштани роҳбари наҳзатиҳо бо созмонҳои мазҳабии Эрон ва як зерниҳоди сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон будани  наҳзатро фош намуд. Нуқтаи дигари  ҷолибу нанговар он буд, ки наҳзатиҳои аз ҷавобгарии ҷиноӣ гурехтаи  дар Аврупо паноҳбурда қоидаҳои буду бошро дағалона вайрон карда, ба номи тоҷик будан иснод меовардаанд.  Аз суханронии М. Кабирӣ бараъло маълум буд, ки ў бо шахсе суҳбати ошкоро намуда истодааст, ки дар бораи аъмоли хиёнаткоронаву  ҷинояткҳои ҳамаи саркардаҳо ва пайравони фаъоли наҳзатиҳо маълумотҳои зиёдеро медонад. Аз ин ҷост, ки М.Кабирӣ дар мубоҳиса як навъ истиҳола намуда, заифии худро пинҳон надошта, кушиш менамуд, рақибашро ба худ моил созад.  Д. Атовуллоев  исбот намуд, ки саркардаи наҳзатиҳо дар байни дигар ҳаракатҳои ифротӣ, ки дар доираи ҳадафҳои нопокашон ҳатто кучактарин комёбӣ надоранд, бузургманишӣ намуда, яккатозбудан хоҳиши ҳамешагиаш мебошад. Вале ин нуқта дар рафтори наҳзатиҳо падидаи нав нест, балки мерос аз устодонашон мебошад. Зеро ҳанӯз  муассис ва роҳбари идеологии ТЭТ ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар ибтидо бо лақаби Мулло Абдулло машҳур  буд,  дар назди пайравон, ҷонибдорон ва аъзои ҳизби худ вазифа гузошта буд, ки ҳар нафаре ба ақоиди мазҳабиву сиёсии онҳо муқобил аст, бояд аз байн бурда шавад.

    Дар маҷмуъ аз мубоҳисаи доиргашта аён гашт, ки М. Кабирӣ гумоштаи созмонҳои шиагаро буда, ба мазҳаби аҷдодиву ватани маҳбуб хиёнати азим намудааст ва Д. Атавуллоев ўро накаут мағлаб намуд. Радиои Озоди бошад бо «чёрни пиар»-аш  ба М. Кабирӣ хизмати хирсона эҳдо намуд.  Зеро бо 20-25 нафаре, ки мубоҳисаи мазкурро тамошо карда буданд, ҳамсуҳбат гаштам ҳамагӣ аз мағлубияти М.Кабирӣ гувоҳӣ доданду дар бораи хиёнаткор будани ў эътимоди комил пайдо кардаанд.

О. Маҳмадов,

 Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *