ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСИСТ

Сешанбе, 06/10/2020-18:07

Ҳуқуқи интихоботӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандон ҳисоб ёфта, он дар моддаи 6 ва 27 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 25-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин дигар қонунгузориҳои кишвар пешбинӣ гардидааст.

Ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб намудан, яке аз рукнҳои хело муҳими ҳуқуқии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, таҷассумгари демоарктӣ будани давлат аст. Барои ба даст даровардани ин рукни асосии меваи демократия, асрҳои аср башарият заҳмат кашидааст. Ташкил ва гузаронидани интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи кишвар ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21-уми июли соли 1994 пешбинӣ гардидааст. Тибқи қонуни конститутсионии зикршуда шахсе ба номзади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, сину солаш на кам аз сӣ сола бошад, маълумоти олӣ дошта бошад ва на камтар аз 10 соли охир дар кишвар истиқомат дошта бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расида ва қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал эътироҷ шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо менамоянд, ҳуқуқи ширкат дар интихоботро надоранд.

Иштирок дар интихобот бевосита аст ва нафари дигар ба ҷойи дигар шахс овоз дода наметавонад ва худи шахс бояд иродаи худро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ истифода намояд. Ҳамзамонкасе ҳуқуқ надорад, ки ба иштироки шаҳрванд дар интихобот монеа эҷод кунад. Мутобиқи моддаи 150-и Кодекси ҷиноятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботиаш ё ҳуқуқи иштирок дар райъпурсии ба муҳлати то се сол ҷазои аз озодӣ маҳрум намудан пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунинҳама гуна амалҳои ғайриқонқнӣ, ки ҷиҳати монеъ шудан ба гузаронидани райъпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз равона шуданд, бо моддаҳои 150 ва 151-и Кодекси ҷиноятии кишварбоиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мегардад.

Интихобот шаффоф буда, он маъракаи муҳими сиёсист ва иштирок дар он ва истифодаи ҳуқуқҳои конститутсионии хеш, қарзи шаҳрвандии ҳар як фард дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ҳаст ва шахс метавонад бо ин амали хешдар сохтани давлати ҳуқуқбунёд ва ободкорию созандагӣ дар ватани маҳбуби хеш нақши муҳими худро ба ҷой гузорад.

Умед мебандем, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки диққати тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб хоҳанд кард, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, демократӣ ва риояи қонун ҷараён хоҳад гирифт.

Варқаи Зайниддин,

Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири дараҷаи 1

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *