Август 26, 2020 16:51
ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон бо овоздиҳии якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода, собиқадори иттифоқҳои касаба Муродалӣ Солеҳов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода оид ба хидматҳои арзишманд ва беназири Пешвои миллат, махсусан дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, бунёдкорию созандагӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакат, роҷеъ ба фазилатҳо ва сифатҳои наҷиби Сарвари давлат чун садоқати беандоза ба Ватан ва муҳаббати самимона ба халқи худ, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавону ниёзманд, дастгирии соҳибкорон ва ғайра суханронӣ намуданд.
Дар Анҷуман ҳамчунин ҳисобот дар бораи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар давраи аз 25 майи соли 2013 то 26 августи соли 2020 ва вазифаҳои навбатии иттифоқи касаба, ҳисоботи Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шунида шуданд.
Вакилони Анҷуман лоиҳаи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Барномаи амали Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027, сохтор, мақомот, аъзоёни Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
Вакилони Анҷуман вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба Файзизода Исмоил Назрӣ ва вазифаи муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба Назарзода Нигора Нураҳмад вогузор намуданд.