КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИ БА ХОТИРИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Чоршанбе, 01/06/2020-08:46

Бо мақсади тарғиби пешгирӣ аз бемории Коронавирус  яъне COVID-19 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи А.Шоеви Ҷамоати шаҳраки Вахш бо усули «хона ба хона» бо сокинон  сўҳбату вохўрии таъсирбахш баргузор намуданд.

Масъулини ҳизбї дар чорабинии мазкур оид ба роҳҳои гузариши Коронавирус ва роҳҳои пешгири намудани онро ба аҳоилии маҳаллаи  мазкур фаҳмониданд. Дар рафти сўҳбатҳо диққати асоси ба пешгирии беморӣ яъне риоя намудани гигенияи шахсӣ ва ҷамъияти таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии ҳавливу лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд. Дар баробари корҳои ба сокинон ниқобҳои махсуси чандкарата зиёда аз 600-адад ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба қоидаҳои муҳофизат аз ин беморӣ тақсим дастрас карданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *