КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ

Чоршанбе, 01/06/2020-08:48

Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи моро низ ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мардатсой»-и Ҷамоати шаҳраки Киров усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баќайдгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия Исмоил Ҷалилов ва мудири шуъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Илҳом Даминов бо аҳолии деҳаи мазкур сўҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус  яъне    COVID-19 ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот доданд. Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба ҷиҳати асосии пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва деҳот қатъиян риоя созанд.

Ҷиҳати муҳофизат аз бемории коронавирус ба сокинон бо усули “хона ба хона” зиёда аз 600-адад ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *