Чоршанбе, 01/06/2020-08:30
Дар деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш вохӯрии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо сокинони маҳал баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Фариштамоҳ Зоҳидзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов, намояндаи бахши кор бо занон ва ҷавонон, намояндагони ВАО иштирок доштанд.
-Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо дар он аст, ки ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Аз ҷумла самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи гигенаи шахсӣ, таълиму тарбияи фарзанд, хониши бадеии хонандагони сокинон дар давраи таътили тобистона, ҳамчунин ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон мебошад. Мо-аҳли зиё бояд фарзандонро таълиму тарбияи дуруст дода, дар замири онҳо меҳри Ватан-модаррро ҷой диҳем, то онҳо давомдиҳандаи имрӯзу фардои меҳананд,-гуфт Фариштамоҳ Зоҳидзода, муовини раиси ноҳия.