Корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар ҳудуди ташкилотҳои ибтидоии ҳизби ноҳияи Вахш бо маром идома дорад

Чоршанбе, 01/06/2020-08:56

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзбахш”-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо  иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо усули «хона ба хона» бо сокинони деҳаи мазкур оид ба қоидаҳои муҳофизат аз бемории сироятии Коронавирус сўҳбату вохўрии таъсирбахш доир гардид. Масъулин ҳангоми вохўриҳо ба иштирокчиён дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти муфассал дода, таъкид кард, ки ба риояи гигиенаи шахсӣ диққати асосӣ диҳанд ва қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгордориро риоя намоянд. Дар охир ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва зиёда аз 150-адад ниқобҳои тиббӣ тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *