ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БАҲРИ ТАЪМИНИ ҒИЗОИ СОЛИМ

Чоршанбе, 01/06/2020-08:44

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, бо иштироки волонтёрон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминро васеъ ба роҳ мондааст.

Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Истиқлол-2 кучаҳои М.Турсунзода, А.Сино ва  А.Лоҳутӣ  бо усули «хона ба хона» баргузор карда шуд. Дар ин рӯз кормандони Кумитаи иҷроия, бо волонтёрон дар якҷояги  дар манзилҳои истиқоматии сокинон сӯҳбат гузаронида, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ бо навиштаҷотҳои қоидаҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, инчунин ниқобҳои муҳофизатӣ дастраси сокинон  намуданд. Дар баробари ин ба сокинон вобаста ба самаранок  истифодаи ҳар порча замин ва аз он руёнидани ду ҳосил дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *