ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ БО ФАЪОЛОН

Чоршанбе, 01/06/2020-08:32

Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Фариштамоҳ Зоҳидзода дар деҳаи “Сохтмон”-и Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш баргузор гардид, ки дар ин гурӯҳи корӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов, намояндаи бахши кор бо занон ва ҷавонон, намояндагони ВАО шомил буда, оид ба масоили мубрами рӯз аз ҷумла таълиму тарбияи фарзанд, худшиносию худогоҳӣ, меҳанпарастӣ, пешгирии худкушию худсӯзӣ, шомилшавии чавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ дар деҳот андешаҳои хешро иброз доштанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён намояндагони мақомоти иҷроия посухҳои мушаххас доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *