ИНЪИКОСИ ЧЕХРАИ АСЛИИ ХИЁНАТКОРОН ДАР ФИЛМИ «ХИЁНАТ»

Чоршанбе, 24/06/2020-18:47

Воқеан, ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз солҳои 70-уми асри гузашта, дар заминаи арзишҳои динӣ ташаккул ёфта, баъдан ба хотири иқтидору ба сиёсат расидан тамоми имкониятҳои зеҳнию равонӣ ва ҷисмонию ҳарбиро рӯи даст гирифта, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон аз тамоми роҳу воситаҳо истифода бурданд. Ин ташкилоти террористӣ дар аввали солҳои соҳибистиклоли бо назардошти эътиқоди динии мардум, ҳазорҳо ҳамватани моро бехонумон кард. Ҷони ҳазорҳо ҳамватани мо дар ин бозиҳои сиёсие, ки дастандаркоронаш аз аввал то ба охир дар ҷомаи ислом худро намоиш медоданду ба қавли худ Худоро аз наздик мешинохтанд, аз байн рафт.

Тайи чанд рўзи охир тавассути шабакаҳои телевизиони филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуда, доир ба амалҳои ғаразноку игвогарона ва манфуронаи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ бо роҳбарии собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ҳозира роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирии хиёнаткор бо далелҳои асосноку раднашаванда пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Аслан, тамоми аъмоли ҷинояткоронаи тарафдорон ва ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ бо далелҳои амиқу дақиқ дар ин филм, ки худро ба истилоҳ «мусичаи бегуноҳ» медонанд, возеҳу равшан инъикос гардидааст. Аз ҳама бадтар ҷавонони моро ба ҳар роҳу васила ба доми худ меафтонанд ва аз ин қишри ҷомеа ба манфиати шахсию гуруҳи истифода менамоянд.

Яъне Кабирӣ ва пайравони ӯ бешак гумроҳ ва сарсону саргардонанд ва онҳо ҷовидона чунин боқӣ хоҳанд монд. Масалан агар Кабирӣ мусалмон мебуд ва ба даъвии “ҳимоят аз номи поки дини мубини ислом” содиқ мемонд, ҳанӯз соли 2006 ҳангоми роҳбари наҳзати ислом таъин гардиданаш аввалин коре, ки анҷом медод номи исломро аз ҳизб хориҷ мекард ва сиёсатбозиҳои худро бе омезиш ва сӯйистифода аз номи поки ислом ба роҳ мемонд. Зеро дар ислом таъсис додани ҳизб ҳеҷ ниёзе нест ва инро борҳо олимону ходимони дин тафсир додаву ҳамчун ҳушдор ба наҳзатиҳо пешниҳод намуда буданд ва инҷо ҳоҷат ба шарҳи иловагӣ нест.

Бинобар ин месазад, ки дар радифи шинохти асили чехрахои сиёси дурбину боандеша бошем ва бештар ба санаду далелҳои муътамад такя ва бовар созем. Зеро суханбозӣ дигар асту давлатдорию давлатсози дигар. Ба қавле, хиёнаткорон дигар ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

Мусаллам аст, ки иродаи солим ҷомеаи солим месозад. Бо туҳмату буҳтон ва бадномсозии чеҳраҳои сиёсӣ, ки барои ин марзу бум тамоми ҳастии худро бахшидаанд наметавон дигар пинҳон сохт. Имрўз мардум ба хубӣ медонанд, ки каҳрамон кисту душман кист!

Хоинони миллат аз дур истода дар ҳаққи ин миллату ин сарзамин чизе, ки мегўянду намегўянд, ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки кишвари мо-Точикистон пеш меравад, зиндагии мардум рўз аз рўз ободу зебо шуда истодааст. Зери дастгирию сиёсатҳои раиятпарваронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин миллати ба ҳам дӯсту бародар барои муаррифии сарзамини биҳиштосоямон ба қадру манзалати ҳар қатра обу ҳар ваҷаб хоки ин диёри нозанин бирасему онро аз ҳарвақта бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

Илҳом Даминов, мудири шуъбаи таблигот,

иттилоот ва матбуоти

КИ ХХДТ дар ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *