Сешанбе, 23/06/2020-18:55
Бо тамошои филми мустанади «Хиёнат» ҳар бинандаи заки пай мебарад, ки ашхоси бевиҷдону палид, зархаридон ва гумроҳшудагон ҳамеша дар пайи амали сохтани ҳадафу мақсадҳои нопоки ѓайриинсонии хешанд ва барои ин афроди нокас муқадасоте чун Ватан – Модар, дин мазҳаб арзише надорад. Ин гуна шахсон, ки барояшон беҳтарин арзишҳои инсони қадре надорад ва бар ивази заре, ки аз тарафи хоҷагонашон гирифтаанд тайёранд ба ҳамагуна хиёнат, катлу куштор, нооромсозии авзои ҷомеа ва пеш аз ҳама халалдор сохтани ҷомеаи имрузаи Тоҷикистони азиз даст зананд. Ба ингуна шахсони нокас ва ватанфуруш дохил мешавад роҳбари собиқ ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва сагҳои дигаре, ки дар гирду атрофаш ҷамъ омадаву мехоҳанд, бо дуруѓу буҳтон ва кинаҳои дар дилдоштаашон аз ҳама вазъияти ба амал омада истифода карда , вазъи орому осоиштаро халалдор созанд ва бо ин амалашон худро чун «ватандўсту ѓамхори миллат» нишон диҳанд. Бехабар аз он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имруз аз тамоми амалҳои солҳои ҷанги шаҳрванди бо касофативу нақшаҳои тарҳрезинамудаи ин хоинони ватанфуруш ва хоҷагони хориҷиашон бар сари давлату миллат овардаанд огоҳи пайдо намуда, нисбаташон ҳамеша нафрин мехонанд. Дар ҳақиқат маҳз бо игвоангезиву дасисаҳои собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ ҳоло бо номи Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд, ки ҷони 150 ҳазор ҷавонмардон рабуда, 128 ҳазор занону модарон бешавҳармонда зиёда аз 55 ҳазор кудак ятим монда, иқтисоди давлат ба сифр баробар шуд. Таърих гувоҳ аст, ки ин нокасон чи балову зазарҳое болои ин мардум овардаанду имрӯз ҳам мехоҳанд, дубора боз фитнаеро болои мардум бирезанд. Аммо бехабар аз онанд, ки мардуми ватандўсту сулҳпарвари тоҷик, алалхусус мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол дигар ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки нохалафе бар ин ватани аҷдодии мо бо чашми бад бингарад ва тинҷию оромии миллатро халалдор созад. Мардуми ватандўстдору ватансози тоҷик дарк намуд, ки маҳз бо ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва мутаҳиди метавон ба тамоми қуллаҳои фатҳ расид ва ин ватани аҷдодиро дар арсаи байналмилали ҳамчун давлати ободу зебо ва пешрафта нишон дод. Аз ин лиҳоз мо-аҳли ҷомеа аз тамоми халқи азизам даъват ба амал меоварам, ки ба фитнаву дасисаҳои ин бадҳони давлату миллат гӯш надода баҳри пойдории сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рўзафзун саъю талош намоем.
Ҳусейн Обидов,
хатиби масҷиди ҷомеа Ҷамоати шаҳраки Киров, ноҳияи Вахш