ПАРТАВИ НЕКОН НАГИРАД ҲАР КИ БУНЁДАШ БАД АСТ

Душанбе, 22/06/2020-17:50

Имрӯзҳо  бо тамошои филми “Хиёнат”  сокинони ҷумҳурӣ ва тамоми башарият аз хиёнатҳои роҳбари собиқ ТЭТ ҲНИ ҳоло “Паймони миллии Тоҷикистон”  Муҳиддин  Кабирӣ  огоҳӣ пайдо намуда,  нисбати ин хоинони ватанфурӯш  лаънат мефиристанд. Аз тамошои филм маълум мешавад, ки Кабирии малъун ва пастфитрат воқеан ҳам душмани Ватан будаасту ба хотири пулу сарват ва қонеъ сохтани нафсаш омодааст , зану фарзандашро ҳам бифурӯшад. Дар ҳақиқат  он хиёнатҳое, ки ин саги дайду дар ҳаққи  миллату давлат кардааст ҳаргиз фаромӯш  ва бахшида намешавад. Боиси таассуф аст, ки ин гумроҳ  бо дастгирии хоҷагони  хориҷиаш якчанд нафар ақлбохтагонро дар гирди худ  ҷамъ карда, имрӯз боз мехоҳад, ки такроран хиёнатро содир намояд. Аз ҳамин сабаб имрӯз бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ин афроди зархарид мехоҳанд, бо суханҳои пучу бофтаашон дар байни мардум ихтилоф андозанду вазъи орому осоиштаи мардумро ноором созанд. Вале бехабар аз онанд, ки мардуми Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба гуфтаҳои ин гуна  хоинону зархаридон ва бевиҷдонон бовар намекунанд ва медонанд , ки иблиси Муҳиддин  Кабириву дигар ҳаммаслаконаш худро дар либоси «фаришта» андохта мехоҳанд, боз ҷангу ҷидол,  қатлу куштор ва дигар амалҳои террористию экстремистиро анҷомдода, нақшаҳои хоҷагони хориҷиашонро  амали созанд. Маҳз мо-ҷавонон ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ин хоинони миллат бо дасисаву дуруғгӯӣ, иғвоандегезиву маҳалгароӣ, ҷудоиандозии худ вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор созанду бар сари ин миллати тамадунофар бадбахтӣ оранд.

Нигорамо Дурманова,   

волонтёри Кумитаи иҷроияи         

ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *