Чоршанбе, 27/05/2020-15:53
Дар марҳилаи такдирсози таърихӣ, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул мебошанд. Мутаассифона як гурӯҳ иғвогарон ва манфиатҷӯён аз ҷумла зархаридони хориҷӣ мехоҳанд ба раванди созандагиву ободкории халқи шарифи тоҷик монеа эҷод кунанд, халқро ба гумроҳӣ баранд.
Дар ин ҷода аъзои ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ҳаракатҳои хоинонаи худро ҳоло ҳам идома дода истодаанд. Аммо аз инҳо ҳам бадтар, роҳбари ҲНИ на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.
Имрўз мардуми тоҷик ба зархаридон ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ба арзишҳои маънавиву илмӣ ва рушанфикрони миллати тоҷик зарбаҳои ҷонкоҳ зада, ба миллати хеш хиёнат карданд, лаънату нафратҳо мехонданд. Бояд гуфт, ки ин гуна ашхос, ки ба миллати хеш, арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу чиз хиёнат кардаанд ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу субот қарор дорад, дорои қудрату нерўи бузургест, ки ҳамагуна ифротиҳо, тундгароиву террористон ва дигар ашхоси хиёнаткорро шикаста пора созад.
Моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди кўшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзати ислом фаъолияти он дар қаламрави кишвар ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстремистӣ манъ карда шуда, аксарияти фаъолони он, ки дар ин қазия даст доштанд ба ҳабс гирифта шуданд. Ин ҳол боиси норозигӣ ва баланд гардидани сару садоҳо аз ҷониби сарпарастону хоҷагони хориҷии онҳо аз кишварҳои «демократӣ» гардид, ки онҳо бо ҳар васила хостанд ба сохторҳои давлатии мо фишор оварда, онҳоро ба нақзи «арзишҳои демократӣ» гунаҳкор созанд.
Қобили зикр аст, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ паёмади иқдомҳои худро дар кори кўшиши табаддулоти давлатӣ, ки ба нокомӣ анҷомид эҳсос намуда, бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор намуд ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд.
Мардуми шарифи тоҷик ва миллати сулҳпарвар тавонистан тамоми фикру ғаразҳои бадхоҳонаи онҳоро ошкор созанд ва қувваҳои қудратии кишвар онҳоро пароканда намоянд.
Ҳоло ҳам баъзан ҷавонони гумроҳ, ки дониши казоии сиёсиву ҳуқуқӣ надоранд ба доми фиреби ашхоси бадкирдор ва ҷинояткор гирифтор мешаванд, ки ин боиси таассуф аст.
Лекин хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои ичтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.
Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рўи ин принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. бубинед дар 28 соли соҳибистиқлолӣ корҳое иҷро гардидан, ки дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ иҷро нашуда буданд.
Оқибатҳои фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар боиси талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида буд. Саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ бо ташаббуси ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон аз масҷидҳои ҳамонвақта оғоз гардида буд. Дигар ҷомеаи ватандўсти кишвар намехоҳад, ба суханпардозиҳои беасос гўш диҳад, ҳадафи мо бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намудан асту бас.
Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ёд набаровардааст, он рӯзҳои сангине, ки паси сар карданд. Мо дигар он халқи парешон нестем, ки ба фиребу найранг ва дасисаҳоятон бовар созем. Он тире, ки аз камони шумо ҷаҳид, ба хок бархӯрд. Шумо дигар ҳуқуқи аз номи халқи тоҷик гап заданро надоред. Бигзор, ки мо-тоҷикон нон дар он тар карда хӯрем, дарду ранҷ кашем, ба додаи Худованд шукрона мекунем. Вақте, ки ба Яздон боварӣ дорем, ҳеҷ гаҳ чун шумо-хоинон хору залил нестем. Чунки мо дар шодию нишот ғаму андӯҳ дар паҳлӯи ҳамем. Ҳайфи шумо хоинон, ки ҳатто дар мурдаи падару модар, наздикону пайвандон ширкат карда наметавонед, куҷо лофи ҷавонмардӣ мезанед.
Ба фиребу найранги навбатиатон аҳолие, ки аз боронҳои шадид зарар ёфтанд, ба эътироз кашидед. (Манзурам сокинони ноҳияи Хуросон аст). Ҳарчанд ин мардум рӯзҳои сангинро паси сар месозанд, вале ҳамин рӯсиёҳии наҳзатиҳои ҳаром мемонанд. Ё ба қавле Саъдии бузург:
Давоми давлат андар ҳақшиносист,
Заволи неъмат андар носипосист.
Агар фазли худой бар худ бидонӣ,
Бимонад бар ту неъмат ҷовидонӣ.
Чи додат лутфу эҳсону накӯӣ,
Ҳаромат бод агар шукраш нагӯӣ.
Обу ҳавои Тоҷикистони азиз, барои шумо хоинони ватан ҳаром аст. Дигар роҳи бозгашт надоред, гадо будед, гадо мемонед. Ба хотири чор танга ҳаром ватанфурӯшӣ мекунед, ҳайфатон бод. Шумо ба камар миёнбанд надоред, баръакс ба сар рӯймол бандед. Чунки шумо худро намешиносед, аз куҷо Худоро мешиносед. Нозу неъматҳои додаи Худовандро шукрона накарда, фирефтаи пули ҳароми хориҷиён гаштед. Ҳайфатон бод, сад ҳайф, ки ҳар зарра хоки ватанро ҳаром кардед. Беномусону хоинони наҳзатӣ…
Гулшани Сипеҳр