ХОКИ ВАТАНРО АЗИЗ ДОР

Чоршанбе, 20/05/2020-08:28

Модар бигуфт: Хоки Ватанро азиз дор,

Номусу нангу ори Ватанро азиз дор.

Хоҳи агар ризоияти модари ман,

Ҳар пора регу санги Ватанро азиз дор.

Ишқи Ватан зи қатраи шир мерасад ба дил,

Меҳри Ватан зи оби зулолаш ба мағзи ҷон.

Теғи адўи бешарафаш гўиё расад,

Бар мағзи ҷону мағзи тану мағзи устухон.

Коми маро ба хоки Ватан шира карданд,

Хуни маро ба оби Ватан тира карданд.

Номусу нанги ори маро қиблагоҳи ман,

Бо шеъри ноби тоҷикӣ ҳамшира карданд.

Мушкил бувад беватанӣ ай ғариби дур,

Ҳукми сухан туро набувад ҳамчу аҷнабӣ.

Бегона гар азиз бишуд, ай ғариб бидон,

Мегашт соҳиби Ватане Юсуфи набӣ.

Соҳибватан! Ту хоки Ватанро азиз дор,

Ай Ҳамватан! Ту хоки Ватанро азиз дор!!!

Бадахшон ЗАРДАКОВА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *