Чоршанбе, 20/05/2020-14:16
Ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус дар деҳаи Истиќлол-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, таҳти аксияи ҳизбии “Хона ба хона” аз тарафи аъзои гуруҳи вакили ҳизбӣ Салимахон Сафарова ба истиқоматкунандагон сўҳбат доир намуданд. Онҳо пеш аз ҳама сокинонро ба он даъват намуданд, ки ба овозаҳои бардурӯғ дода нашаванд. Ба ояндаи неку зиндагии тинҷу осуда боварӣ дошта бошанд. Ин беморӣ муваққатист. Дар натиҷаи ҳамкории якдигар он аз байн бардошта мешавад. Муҳим он аст, ки ҳама ба тавсияи табибон гӯш диҳанд ва амал намоянд. Он давлатҳое, ки алакай ба зиндагии ором баргашта истодаанд, мардумашон аз хурд то калон талаботҳои гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, тоза нигоҳ доштани ҷойи кор ва манзили зистро қатъӣ риоя намуданд. Беҳуда ба кӯча набаромада, дар хона нишастанд. Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки шумораи сироятёбии одамон кам гардад ва ин беморӣ нест карда шавад.
Боварӣ дорем, ки мардуми мо ҳам аз иҷрои чунин талаботҳои беҳдоштӣ мебароянд, худ ва аҳли оилаи худро аз гирифтор шудан ба коронавирус эмин нигоҳ медоранд.