Саҳми вакилон дар мубориза бо ин вабои аср (Ковид-19)

Чоршанбе, 20/05/2020-14:18

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш аз ҳавзаи интихоботии №8 Рустамбекова Малоҳат Рустамбековна, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳофизи Шерозии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ, ба сокинони ҳудуди ҳавза 120 адад ниқобҳои муҳофизатии чандкарата ва 60 адад маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуд. Аз ин иқдоми пешгирифтаи яке аз ҷавонтарин вакили ноҳия мардуми маҳалла хело шод шуданд.

Инчунин барои дар байни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иштирок намуда, ба онҳо қоидаҳои дурусти риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, безарурият набаромадан ба ҷойҳои серодам, зуд-зуд шустани дастон бо собун ва дигар дастуру тавсияҳоро расониданд.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *