МОҲИ ЭҲСОН

Душанбе, 18/05/2020-07:50 

Моҳи шарифи Рамазонро, ки моҳи хайру эҳсон, накӯкорӣ, файзу баракат, раҳмату мағфират ва тоату ибодат мебошад

Рӯза рукне аз аркони дини мубини ислом буда, инояти хосаи Парвардигор ба бандагонаш мебошад. Рӯзаро Худованди мутаъол дар соли дуввуми ҳиҷрӣ бар умматони Муҳаммад (С.А.С) фарз гардонид. Чуноне, ки Ҳақтаъоло дар оятҳои 183, 184 ва 185 сураи Бақара мефармояд:

-Эй он касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан фарз шудааст, ҳамчуноне, ки бар касоне, ки пеш аз аз шумо буданд, фарз гардонида шуда буд шояд, ки шумо парҳезкорӣ кунед! Рӯза доштан чанд рӯзи шумурда шуда аст. Пас агар ҳар ки аз шумоён бемор ё мусофир  бошад, пас аз он (яъне доштани рӯза) аз рӯзҳои дигар лозим аст ва ба касоне, ки метавонанд рӯза доштан, фидя лозим аст, ки (иборат аз) хӯроки як дарвеш аст, пас ҳар ки некие зиёда аз ин ба ҷо орад, ин барои ӯ беҳтар аст. Ва агар  медонед, барои шумо он беҳтар аст, ки рӯза доред.  Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон ҳамчун раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад…

Маънои асоси рӯза ин нахӯрдану наошомидан, аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аст. Инчунин дурӣ ҷустан аз корҳои ношоиста, дурӯғ нагуфтан, ғайбат накардан, касеро наранҷонидан, бо чашми шаҳват ба бегонае нанигаристан ва аз ҳамин бадиҳо парҳез кардан хосияти шахси рӯзадор аст.

Расули Акрам (С.А.С) дар ҳадисашон овардаанд, ки:

– Вақте, ки моҳи Рамазон дарояд, дарҳои биҳишт кушода мегардад ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд. (Ривояти Имом Бухорӣ)

Дар моҳи мубораки Рамазон шахси рӯзадор бояд бар зидди нафс шикебоӣ варзад, зеро аҷри ниҳоят бузург дошта, ризқи муъмин зиёда мегардад. Бояд бидонем, ки рӯза руҳ ва нафси рӯзадоронро барои тақво ва дурӣ аз гуноҳ омода месозад. Аз шиддат ва ҳарорати нерӯи шаҳваонӣ, ки асл ва маншаи ҳамаи  гуноҳон аст, мекоҳад.

Рӯза барномаи инсонсоз буда, дорои фавоиди ҷисмӣ ва руҳӣ мебошад. Рӯза шифобахши ҷисму ҷон ба шумор рафта, одамиро аз разоили ҳайвонӣ раҳоӣ мебахшад. Дар сохтани фарди солеҳ ва инсони комил бисёр муассир буда, дар ин ҷода таъсири босазоеро дорост. Бо рӯза доштан хушнудӣ, муҳаббат ва меҳрубонии Парвардигорро сазовор мешавем. Худовандро боз ҳам зиёдтар шукр мегӯем, зеро хубтар дарк менамоям, ки ҳамаи неъматҳо танҳо аз ҷониби ӯст, аз гуноҳҳо ва корҳои бад дурӣ ҷуста, худро аз дӯзах раҳоӣ медиҳем. Гуруснагӣ ва фақириро дар худ месанҷем ва сабрро дар худ тарбият мекунем. Саломатиамонро мустаҳкам месозем.

Аз фазилатҳои дигари ин моҳи муборак он аст, ки Худованд дар ин моҳ Қуръонро нозил кардааст ва шаби 27-уми ин моҳ Шаби Қадр мебошад. Парвардигор ин шабро аз ҳазор моҳ беҳтар васф намудааст. Шаби Қадр- шаби муборак буда, дар он раҳмат ва баракати бепоёни Худованд лозим мешавад. Дар ин шаб гуноҳҳо  бахшида ва дуоҳои муъминон қабул мешавад.

Дар ин моҳи муборак шахсони доро бояд аз аҳволи беморон, бечорагон, фақирон, камбизоатон ва ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Чунки ҳар  вақте, ки сарватмандон ба фақирону нодорон меҳру муҳаббат ва дасти сахо дароз кунанд, дар байни табақаи ҷомеа як самимиятиу якдилӣ ба вуҷуд меояд. Ашхоси доро метавонанд, хайру садоқоти худро ба суратҳисоби бемориҳои коронавирус ё Covid-19 гузорананд. Ба ин васила ҳам савоби бештар мегиранд, шояд бо воситаи он шахси саховатманд Худованд беморон низ шифо ёбанд.

Пешвои миллат ҳамасола пеш аз фарорасии моҳи мубораки Рамазон дар табрикот ва баромадҳояшон аз саховатпешагону хайрхоҳон даъват мекунад, ки дар ин моҳи шариф пеш аз ҳама ятимону барҷомондагон, бепарасторону маъюбон ва тамоми оилаҳои ниёзманд аз мадди назари онҳо дур намонда, ба онҳо хайру эҳсон намоянд.

Худованд дар ин моҳи муборак барои ҳамаамон тавфиқ, сабру иститоъатро насиб гардонад ва ин вабои коронавирус аз сари мардуми азияткашида тоҷик бардорад, кулли муъминонро дар паноҳи исмати хеш нигаҳ дорад.

Саъдии Вахшонӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *