Чоршанбе, 13/05/2020-22:24
Хонандагони азизу гиромиқадр мову шумо дар рўзҳои пурбаракату бофайзи моҳи мубораки Рамазон қарор дорем. Рўзаи моҳи Рамазон яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом ба шумор рафта, барои мусалмонон ин моҳ саршор аз ҳикмату фазилат аст. Ин моҳро Худованд барои мўъминон ҳамчун моҳи тоату ибодат, файзу баракат, хайру эҳсон, раҳмату мағфират ва раҳоӣ аз оташи дўзах ҳаст намудааст. Дар ин моҳ шабест, ки ибодат дар он шаб аз ҳазор моҳ бартарӣ дорад, яъне агар ба ҳисоби сол бигирем, баробари 82 сол аст ва он шаби қадр аст. Ин моҳи шариф барои бандагони мўъмин моҳи имтиҳон, моҳи парвариши сабру таҳаммул, тавбаву надомат, истиғфори гуноҳон, афву бахшиши камбудиҳои якдигар ва дароз намудани дасти сахо ба ниёзмандону бенавоён, ятимону барҷомондагон мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳамаи китобҳои осмонӣ дар моҳи Рамазон нозил шудаанд.
Худованд рўзаро аз байни ҳама ибодатҳо ихтиёр намуда гуфтааст: «Рўза аз ман аст ва ман худ мукофоти онро медиҳам» бояд гуфт, ки рўза ягона ибодате мебошад, ки дар ин ибодат риё нест ва дар ибодатҳои дигар банда метавонад ба риёкорӣ роҳ диҳад. Расули Акрам (с) дар ҳадиси шарифашон мефармоянд: «Ман сома Рамазона имонан ва иҳтисобан, ғуфира лаҳу мо тақаддама мин занбиҳи», яъне (Шахсе, ки аз рўи имон ва бо умеди савоб рўза дорад, гуноҳҳони гузаштааш омурзида мешавад).
Чуноне маълум аст, қоидаи рўза доштан ин нахўрдану наошомидан аз субҳи содиқ то фурў рафтани офтоб мебошад. Ин қоидаи маъмули рўзагирӣ аст ва дар баробари ин шахси рўзадор бояд аз як зумра корҳои дигар низ парҳез намояд, то ки рўзаи ў мукаммалу беолоиш гардад. Инҳо аз қабили дурўғгўиву ғайбат, дашному ҳақорат, бо чашми бад нигаристан, шахсеро фиреб додан, рафтори зишт намудан ва дигар амалҳои ношоиста, ки рўзаи шахсро ботил месозанд.
Уламои фиқҳ адои закотро дар моҳи мубораки Рамазон мустаҳаб донистаанд ва закот чун рўза аз аркони панҷгонаи дини ислом маҳсуб мешавад. Нур болои нур мешуд агар шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, соҳибкорон ва ононе, ки молашон ба нисоб расидаву соҳибзакот ҳастанд дар ин моҳи бузург закот, хайроту садақот, фидяи савм, садақаи фитр ва дигар кўмакҳои худро ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хона – интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, ятимхонаҳо, шахсони яккаву танҳо ва бепарастор, заифону бечорагон ва бенавоёну муҳтоҷон равона месохтанд. Худованд бо баракоти Рамазон барои як кору амали нек ба бандагонаш савоби даҳчандкаратаро подош медиҳад.
Саъдии Вахшонӣ