Ба савганди хеш содиқем

Чоршанбе, 13/05/2020-22:22

Ассалому алайкум ҳамватанони бурунмарзӣ!

Ман Абдувалӣ Қурбонов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Вахш.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассосе, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, вазъи глобалии ҷаҳон рўз то рўз мураккаб гашта истодааст. Ва ин мураккабгарди вазъи ҷаҳонро наметавон пешгўи кард. Беморие, ки имрўз бо номи Коронавирус яъне “Ковид-19” тамоми сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст, ҳар яки мо-табибони ноҳияи Вахшро водор месозад, ки барои пешгирии ин беморӣ аз тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бечуну чаро истифода намоем. Мо-табибон ба савганди тиббии хеш содиқ буда, баҳри сиҳатии аҳолӣ ҷ они хешро дареғ намедорем. Ҳамчунин ҳамаи он бемороне, ки дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ таҳти карантин қарор дошта, ба онҳо 5 табиб, 8 ҳамшира  ва 9 фаррош хизмат мерасонанд, бо либосхои махсуси муҳофизатӣ таъминанд. Бо дастгирии мақомоти иҷ роияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба маблағи 171 ҳазор сомонӣ 37 адад либосҳои муҳофизатии яккарата, зиёда аз 10 хазор ниқоб, доруворӣ, 2 тонна маҳлулҳои зиддӣ сироятӣ дастрас гардиданд. Ҳамчунин  мақомоти иҷ роияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Ҳукумати Ҷ умҳурии Тоҷ икистон ва кумакҳои башардўстонаи ҳамсоякишварҳо, ки аз лавозимоти тиббӣ иборат мебошанд дастраси беморхона гардид. Кормандони тиб таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор дошта, ба онҳо ба ғайр аз иловапулӣ ба музди маош, боз бо маводҳои аввалиндараҷ аи ғизоӣ, хўрок, сару либоси тиббии ройгон таъмин ҳастанд. Ҳамин  тартб қайд кардан лозим аст, ки ҳамаи он лавозимоти тиббие, ки ба беморхона ворид шуданд, ба табибон тақсим карда шудааст. Айни ҳол мо 71 либоси муҳофизатии яккарата, 35 либоси муҳофизатии бисёркарата дорем, ки онҳоро кормандони тиб, ки ба нигоҳубини беморон машғуланд истифода мебаранд. Мардуми моро лозим аст, ки ба ҳар хел воҳимаю хабарҳои бардурўғи бадхоҳони давлату миллат (хоинони бурунмарзӣ) гуш надода, баръакс ба иттилооти давлатӣ эътимоди комил намоянд. Ман ҳамчун сардухтур ҳаргиз ба Ватан, миллат ва касби худ хиёнат нахоҳам кард. Сияҳдилоне, ки дур аз ватан буда, ба ҷ ойи дар ҳаққи миллати тоҷ ик ғамхорӣ намуда, мардумро ба таалука наандозанд, баръакс ба туҳмату буҳтон даст зада истодаанд. Он гурўҳҳаконе, ки дур аз Ватананд, ҳеҷ  гоҳ дар фикри бехбудии Тоҷ икистон набуданду нестанд. Чунки онҳо ба ҷ ойи дасти кумак дароз кардан ба ниёзманд, ҳам дар наъл мезананду ҳам дар пошна. Хоинони миллат, хуб донанд, ки ҳар кас ба ватани хеш хиёнат мекунад, ӯ беватан аст, ин беватан буданро, пирон хирад чунин гуфтаанд: “Одами беватан-мурдаи бекафан”. Айб аст, ки заҳмати шабонарўзии табибони фидоиро нодида гирифта, даст ба туҳмату буҳтон зананд. Бас аст, ҳарзагўиҳои бехуда. Зеро саломатии миллат боигарии давлат мебошад ва давлату ҳукумат ҳамавақт ба саломатии шаҳрвандонаш диққати махсус дода ғамхориро  зоҳир менамояд. Имрўз  ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои ғамхори миллат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, ҷ иҳати пешгирӣ, ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ аз ҳар вақта дида зиёдтар чораҳои зарури андешида истодааст. Моро  месазад даст ба дасти ҳам дода, бар зидди ин вабо муборизаи беамон барем ва заҳматҳои шабонарўзии табибонро нодида нагирем, ва сари саломатии худ ва наздикон андеша намуда, аз ҳарвақта дида бештар заҳмат кашем.

Абдувалӣ Қурбонов,

сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *