Якшанбе, 10/05/2020-13:22
Дар кишвари соҳибистиқлоламон чун дар тамоми ҷумҳуриҳои тобеи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ санаи 9-уми май ҳамчун Рўзи Ғалабаи халқи Шўравӣ ба Германияи гитлерӣ ботантана қайд карда мешавад. Тазаккур бояд дод, ки сафи ин мардони шуҷоъ, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва родмардоне, ки дар ақибгоҳ бо заҳмати созандаи хеш дар таъмини ғалаба саҳми шоиста гузоштаанд, бо мурури замон кам мегардад. Ҳар яке аз ин мардони далер дар замони худ бо ҷасорату матонат, диловарию қаҳрамонӣ баҳри ҳифзи инсон аз зулму истибдод, озод кардани хоки муқаддаси Ватан аз адўи хунхор ҷон ба каф гирифта, муборизаи беамон бурдаанд. Инак, аз он рўзгоре, ки халқи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ғалаба ба даст овард, 75 сол сипарӣ шуд.
Тибқи иттилои сардори раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Вахш Алишер Хайруллоев айни замон дар ноҳия 3 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Ин табақаи ифтихории миллат ҳамеша таҳти ғамхориву парастории роҳбарияти Ҳукумату давлат қарор дорад. Дар арафаи 75 солагии Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6000 сомонӣ, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 2500 сомонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш 500 сомонӣ ба ин падарони қаҳрамон қадршиносӣ карданд.
Аз имконияте, ки дар даст дорем дар ин ҷашни пуршукўҳи Рўзи Ғалаба хостагори онем, ки ҳамаи он иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрўз дар қайди ҳаёт нестанд, руҳашон шод бошад ва онҳое, ки имрўз чун ахтарони пурҷило дар осмони софи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳаёт ба сар бурда, зиндагиномаи пурифтихорашон боиси ибрати имрўзиён гаштааст, саломатӣ ва умри ҷовидонаро таманно мекунем.