Шанбе, 09/05/2020-12:02
Дар сомонҳои иттилоотї чанде пеш яке аз душманони давлату миллати тоҷик Шарофиддин Гадоев, чун ҳарвақта хабарҳои дурўғину иғвогаронаи худро паҳн кард. Ба гуфтаи ин бадбахти аблаҳи нобакор гуё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, ба бемори гирифтор шуда бошанд. Дурўғгуиву туҳматзанї ва иғво андохтан вазифаи хонагии њаррўзаи Шарофак мебошад, ки хољагону арбобонаш ба ў супориш додаанд. Ҳар як шахси солимақлу соҳибватан худ ҳамарўза шоҳид мебошад, ки вазъияти баамаломада таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бештари одамон ба бемории ҳамагир тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Муҳиддинаку Шарофак ва дигар пайравакони беаќли онҳо дида истодаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳарвақта дида дар атрофи Пешвои маҳбуби худ ва Ҳукумати кишвар бештар сарҷамъ гардида, баҳри рафъи ҳарчӣ зудтари бемории сироятӣ мутањҳидона мубориза бурда истодаанд ва ин ҳолат рашку ҳасуди душманони миллатро афзун намудааст. Аз бечорагиву шармандагӣ душманони миллат ягона илоҷро барои худ дар паҳн кардани хабарҳои бардурўғро пеш гирифтаанд. Вале он шармандаҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои ғаразноки худ намерасанд. Мардуми шарифи кишвар хуб дар ёд доранд, ки дар солҳои душвору сангини ба сари миллату давлатомада маҳз Пешвои маҳбубу ғамхори миллат муњтарам Эмомалї Раҳмон сина сипар намуда, тамоми мушкилиҳоро бартараф карда, мардумро сарҷамъу ватанро обод гардониданд. Ҳамватанони азизу гиромиқадр, худ қазоват намоед, ки дар солҳои вазнини гузашта Президенти ғамхори миллати мо ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта дар атрофи мардумаш буданду кишвари мо ва мардуми моро сарҷамъ намуда, барои тинҷиву амонии миллату давлат муборизаи беамон бурданд. Ҳоло он, ки Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлоли мо дар як муддати начандон тулонӣ ба як биҳишти рўи замин табдил ёфтааст, ана ҳамин гуна номардони лаганбардор, ки бо хоҷагонашон дар хориҷаҳо пушту паноҳ мебаранд, бар зидди давлату миллати мо аккос зада истоданд, ва мо боварии онро дорем, ки ҳеҷ як нақшаҳои ин номардон иҷрои худро нахоҳад ёфт.
Мардуми шарифи тоҷик имрўз ҳам дар вазъияти баамаломада, такя ба хираду ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои маҳбуби худ доранд. Шўрапуштоне чун Шарофаку Муҳиддинак ҳеҷ гоҳ хизмате ба халқу Ватан накардаанд ва баракс доимо дар пайи ноором сохтани фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Мардум ҳаргиз ба ҳарфҳои ин зиштруёну қабеҳлафзон гўш намедиҳанд. Зеро чуноне зикр кардем наҳзатиҳои хоин як маротиба мардуми тоҷикро хонавайрону хоки ватанро ба хун оғўшта карда буданд ва имрўз боз ҳам дар сар ҳамон андешаи заҳрогин бо роҳи зурӣ сарнагун намудани сохти конститутсионӣ дар кишварро доранд. Аз ин лиҳоз аз мардуми шарифи кишварамон самимона даъват ба амал меорам, ки дар ин рӯзҳои мудҳиш, ба гапҳои дурўғу бофта душманони миллат гуш надода, бояд дар атрофи Пешвои маҳбуби миллатамон, муттаҳид шуда аз як гиребон сар бароварда, сарҷамъона дар мубориза бо ин вабои аср, ки тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст мубориза бурда пирӯз гардем.
Илҳом Даминов,
мудири Шўъбаи таблиғот, иттилоот ва
матбуоти КИ ҲХДТ дар н.Вахш