ЗАМИН БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДА ШАВАД

Шанбе, 09/05/2020 – 11:44

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Саъдии Шерозӣ”-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо усули «хона ба хона» ҷиҳати  пешгирии бемориҳои сироятӣ ва мусоидат бобати таъмини амнияти озуқаворӣ бо сокинон чорабинии ҳизбӣ доир карданд.

Масъулин оид ба риояи дурусти қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ сухан гуфта, дар ин давраи ҳассос нисбат ба солимии худ ва атрофиён муносибати ҷиддӣ зоҳир карданро хеле муҳим шуморида, ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва самаранок истифода бурдани ҳар қитъа заминро  дастрас карданд.

Ҳамзамон,  ба яко яки онҳо оид ба истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *