Хар чи донад хўрдани ќанду набот

Шанбе, 09/05/2020-12:07

Дар ин лаҳзаҳое, ки бисёр ҳассос барои башарият бархе аз афрод дар пайи пиёда сохтани мақсадҳои нопоки хеш ҳастанд ва ин бисёр ҳам таассуфовар аст. Нокасе дар умри дидааш боре ба як махлуқе кумак накардаасту санги маломат ба дигарон мезанад ин ҳамон Харест, ки ба макка рафту омад вале ҳамон хар монд. Хар чи донад хўрдани ќанду набот…

Шарофиддин Гадоев имрўз мехоҳад бо суханҳои пучу холияш дар байни мардум худро шахси дилсўзу ѓамхори миллат нишон диҳад, вале мардуми шарафманди тоҷик ба хоину нокас, зодаи хар будани шумо итминони комил дорад ва медонад ки Роҳбари ѓамхору сарсупурдаи Ватан Пешвои миллат ҳамеша дар фикри мардум ва ободии Точикистони азиз аст ва дар амалашон намудор мебошад. Гуфтаи зодаи хар Шарофиддин Гадоев дар ҳаққи Пешвои миллат ҳеҷ асосе надорад, зеро бар ҳама маълум аст, ки аз ин дида дар вазъиятхои бисёр ҳассос дар каф лахчаи давлатдориро доштанду аз вартаи ана ҳамин хел дасисабозон халос намуда буданд.

Тоҷикистон узви ҷомеа ҷаҳони аст ва ба қайд гирифтани бемории Коронавирус ин боиси таассуфи кулли соҳибдилон гашт, ба ѓайр аз сагоне чун ШАРОФ ва ҳамаслаконаш ки доираву думра гирифта мисли саге,ки устухоне пайдо карда бошад аккос заданд.
Ман аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистони азиз даъват ба амал меоварам, ки ба гуфтаҳои душманони миллат бовар накунанд, бар акс мо бо хости Худои бузург, азму иродаи тоҷикона, меҳнати ҳалол ва мутаҳҳиди ин рўзҳоро ҳам сарбаландона паси сар хоҳем кард.

Худойдод Ёров,

мудири Шўъбаи кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                     

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *