ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ МО АЗ МЕҲНАТИ СОФДИЛОНААМОН ВОБАСТАГӢ ДОРАД

Шанбе,  09/05/2020 – 11:42

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо мақсади таъмини пешгирӣ аз бемории коронавирус COVID-19  ва омилҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, ҳамзамон самарнок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ  корҳои таблиғотиро дар байни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо вусъат бахшида истодааст. Дар ин раванд Аксияи ҳизбӣ бо усули   «хона ба хона» дар деҳаву маҳаллаҳо роҳандозӣ гардида, оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ  тавсияҳои судманд ироа гардида, варақаҳои иттилооть дастраси сокинон карда истодаанд. Ба сокинон таъкид карда мешавад, ки дар кӯча ва хонаҳои худ қоидаҳои беҳдоштиро хуб риоя намуда, худ ва дигаронро аз ҳама намуди касалиҳои сироятӣ  эмин нигоҳ доранд. Ҳамзамон, дар ҳар як суҳбату вохӯрӣ ба сокинон аз ҷониби масъулин  маслиҳат дода мешавад, ки заминро самаранок истифода карда, аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ зиндагии худро беҳбуд бахшанд. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *